Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 October 2019
Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеабахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1.Рӯйхати омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, тибқи замима тасдиқ карда шавад. 
2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасмандгардонии омӯзгоронтибқи рӯйхати замимагардида барои ҳар кадоме ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ва дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 129000 (як саду бисту нӯҳҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо намояд. 
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе–сарпарасти соҳа, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуданимаросими ҳавасмандгардонии омӯзгорон тадбирҳоандешанд. 
4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд. 
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа, гузошта шавад.
                                                                             Рустами Эмомалӣ