Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 October 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт  мерасонад, ки шурўъ аз 7-уми октябри соли 2019 хатсайри нави автобусии №37А «маҳаллаи Қаротегин-маҳаллаи Бунёдкорон» ба фаъолият оғоз менамояд.

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаю хиёбонҳои С. Айнӣ, Дӯстии Халқҳо, Шириншоҳ Шоҳтемур, А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ҳувайдуллоев, А.Сино то маҳаллаи Бунёдкорон ҳаракат мекунанд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» истифода баранд.