Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 October 2019

ш.Душанбе. 01.10.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии куҳансолон таҳти унвони «Дар ҷавонӣ  хидмати модар- падар кун!»  маҳфили  фарҳангӣ баргузор гардид.

Маҳфили  мазкурро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, ба иштирокдорони он  номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро расонд.

Тавре зикр кард, Ҳукумати  мамлакат  ва махсусан Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи зиндагии пиронсолону барҷомондагон, нафақахӯрон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Дар ин робита дар мамлакат даҳҳо фармону қарор ва амру дастурҳои дахлдор  оид ба беҳгардонии шароити зисти ин қишри ҷомеа ба тасвиб расидаанд.

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ва бахусус пойтахти  мамлакат — шаҳри Душанбе Рӯзи куҳансолон  ва дигар санаҳои ифтихории марбут ба ин табақаи соҳибэҳтироми ҷомеа ба таври васеъ таҷлил мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ нисбат ба ин табақаи ҷомеа эҳтироми хосса зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо корҳои шоиста анҷом медиҳад.

Бо ибтикори роҳбарияти  мақомоти шаҳр  дар пойтахт  Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки дар он шахсони бесаробону барҷомонда,  ниёзманд таҳти ҳимояти давлат ба нигоҳубин ва хизматрасониҳои алоҳида фаро гирифта шудаанд»,- таъкид гардид дар ҷараёни маҳфил.

Дар  ҷамъомад ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин рӯз бо мақсади ҳифз ва пуштибонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои шахсони  пиронсол дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ конференсияву вохӯрӣ, ҷамъомаду суҳбатҳои гуногун бахшида ба нақш ва саҳми табақаи номбурда дар пешбурди ҷомеа баргузор  карда  мешаванд.

Дар ҳамоиш   барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо куҳансолон як зумра кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мукофоту  туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.

Устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони шаҳри Душанбе бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи ин табақаи ҷомеа намоиши театрикунонидашуда ва дастагули мусиқии иборат аз созу навои дилнишинро пешниҳоди иштирокдорони маҳфил намуданд.

Дар интиҳо барои иштирокдорони ҳамоиш дар Чойхонаи «Роҳат» дастурхони идона ороста шуд.