Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 May 2011

Масъалаи ғановати бозори истеъмолӣ ва бо роҳҳои алтернативӣ ҳамарӯза таъсиррасонӣ ба коҳиш додани нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи истеъмолкунандагон мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе қарор дорад.

Бо ин мақсад то ба имрӯз соли равон аз ҳисоби буҷети шаҳр 20 млн сомонӣ ҳамчун қарзҳои бефоиз тавассути КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ихтисос дода шудааст. Аз маблағҳои мазкур 12 млн сомонӣ барои харидориву захираи ғаллаву орди хушсифати Қазоқистон, 4 млн сомонӣ барои истеҳсолу захираи маҳсулотҳои ниёзи аввалияи кишварзӣ ва бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаҳои мамлакат ва 4 млн сомонӣ барои  воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт сафарбар карда шудаанд.

Ин тадбирҳо дар натиҷаи таҳлилҳои воқеӣ ва мониторинги ҳамарӯзаи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва арзиши аслии истеҳсол ва интиқоли он ба бозори истеъмолӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Аз ин ҷост, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе бо хулоса аз натиҷаи забҳи чорво аз ҷониби комиссияи ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии  раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва бойторӣ, Иззатулло Сатторӣ-доктори илмҳои ветеринарӣ, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур  баҳри дастгирии сокинон - истеъмолкунадагони шаҳр  ташаббуси соҳибкорони ба харид ва фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд фаъолият доштаро оид ба  дар марзи маъмурии Душанбе бо нархи то 23 сомонӣ ба фурӯш гузоштани  гӯшти гов ва то 24 сомонӣ гӯшти гӯсфанд ҷонибдорӣ намудааст.

Зеро забҳи ҷамъиятии чорво бо назардошти ҳамаи масрафот нишон дод, ки истеҳсоли аслии 1 кг гӯшти гов барои соҳибкори бо парвариши чорво машғулбуда воқеан 19,5-20,0 сомонӣ ва барои соҳибкори аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба Душанбе харида интиқолдиҳанда 21,5 сомониро ташкил медиҳад. 

Дастгирии мазкур дуҷониба буда, ба ҳеҷ ваҷҳ характери иҷбориро  доро нест. Баръакс, ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон роҳбарияти шаҳр баҳри дастгирии молиявии онҳо оид ба зиёд намудани  воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт дар пойтахт аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе»-1 млн сомонӣ  ва 20 нафар соҳибкорон ба ҳар яке аз онҳо 50,0 ҳазор сомонӣ - 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо кард, ки имрӯзҳо ҳар кадоме онҳо ба иҷрои вазифаҳои  худ аллакай шурӯъ кардаанд.

Мувофиқ ба таҳлилҳо талаботи ҳаррӯзаи сокинони шаҳр бо гӯшт 70 тоннаро  ташкил медиҳад ва барои фурӯши як кг гӯшт бо ҳисоби миёнаи (гов ва гӯсфанд) 23,5 сомонӣ ҳамарӯза маблағи 1 млн 645 ҳазор сомонӣ зарур мебошад. Воридоти гӯшт ба маблағи 4 млн сомонӣ имкон хоҳад дод, ки талаботи бозори истеъмолии шаҳр ва ҳамарӯза дастрасии истеъмолкунандагон ба гӯшти хушсифат бо нархҳои зикргардида комилан таъмин гардад.

Ибтикороти мазкур аллакай дар ду рӯзи татбиқшавӣ чунин натиҷа дод, ки нархи ғизои чорво- кунҷола дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 2,9-3 сомонӣ ба 2,4-2,3 сомонӣ поён фарояд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо исрор таъкид месозад, ки барои бо роҳҳои стихиявӣ ва сунъӣ болобарии нарх дар бозори истеъмолии шаҳр имкон нахоҳад дод ва нисбати ҳар як хилофкор, ки бо сӯистифода аз қобилияти хуби харидории  сокинони шаҳр ба ин амал даст мезанад тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ хоҳад кард.