Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2011

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №238 аз 19 майи соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчии иншооти:

- «Таъмири асосии хатҳои обёрии мансуб ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе»,

ТЕНДЕР  ТАРИҚИ  ИШТИРОКИ  НОМАҲДУД ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.   

         Дар тендер шаҳсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷии тахасуси сохтмонӣ дошта иштирок карда метавонанд.

         Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.     Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (то 13 июни соли 2011);

2.     Пешниҳоди тендерӣ;

3.     Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда (низомнома ё оинома);

4.     Иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ;

5.     Гувоҳномаи Нозироти андоз ва гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

6.     Маълумотнома оид ба ҳаҷми корҳои итҷрошудаи таъмир ва сохтмони хатҳои обтаъминкунанда дар 2-3 соли охир;

7.     Маълумотнома оид ба баззаи моддӣ-техникии корхона;

8.     Таъминоти пешниҳоди тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз арзиши умумии пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ)

9.     Харҷномаи иншоот тибқи тартиби муайянгардида;

10.                        Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ  ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», бо суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48«а»,  бо телефонҳои: 221-06-16, 221-03-80, 221-05-48 муроҷиат намоед.

Рӯзи гузаронидани тендер 15 июни соли 2011 соати 1600.

Макони баргузории тендер: Бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48

Эзоҳ: мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 1600 –и 13 июни соли 2011.

 

Сардори Муассисаи давлатии

«Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

С. Бобоев