Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 June 2011

Дар бораи  баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

 

         Бо мақсади татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, иҷрои банди 67 ва 68-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31октябри 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина ҷоннок намудани таблиғот ва ташвиқоти донишҳои экологии аҳолӣ, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.     Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5 июни соли 2011 дар назди бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев  мувофиқ ба нақшаи замимагардида баргузор карда шавад.

2.     Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе (Хайруллоев Н.), раиси ноҳияи Сино (Сафаров З.А.)  ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш) баҳри ҳадафнок ва дар сатҳи зарурии ташкилию ғоявӣ доир намудани чорабинии мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

3.     Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С) ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Сабзов Ш.З.)  бехатариву амният ва тартиботи ҷамъиятиро дар чорабинӣ таъмин намояд.

4.     Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                          

 

                                                                              М. Убайдуллоев

 

 

                                                               

Замима

  ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

   №248 аз 24 майи соли 2011

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 ҷиҳати баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити дар шаҳри Душанбе

 

р/т

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлат

Иҷрокунандагон

Масъули назорат

1.

Ороиши кӯчаву хиёбонҳо бо шиору овезаҳои таблиғотӣ

То 1 июни соли 2011

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Хайруллоев Н.

2.

Гузаронидани озмун дар мактабҳои таҳсилоти умуми бахшида ба 20 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии тоҷикистон зери унвони «Ҳифзи муҳити зист дар даврони соҳибистиқлолият»

То 25 майи соли 2011

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳамкори бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Раҳимова С.Ҳ.

3.

Баргузории аксияи «Тозагии соҳил 2011» дар ҳавзаҳои дарёҳои Варзоб, Душанбе ,Лучоб ва Кофарниҳон

28 майи соли 2011

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва маорифи шаҳри Душанбе, Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр

Хайруллоев Н.

4.

Гузаронидани Конфренсияи илмӣ – амалӣ  дар доираи амалиёти даҳсолаи об барои ҳаёт дар мавзӯи «Об – мӯҷизаи табиат»    

2 июни соли 2011

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Хайруллоев Н.

5.

Гузаронидани суҳбатҳо дар  донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳо роҷеъ ба баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии ҷавонон

То 5 июн

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

Раҳимова С.Ҳ.

6.

Ташкили мизи мудаввар оиди маърифати экологӣ ва маданияти шаҳрнишинӣ

3 июни соли 2011

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии  «Телевизиони Пойтахт»

Раҳимова С.Ҳ.

5.

Гуфтугӯи мустақим оиди Рӯзи байналмилалии муҳити зист

5 июни соли 2011

Радиои «Садои Душанбе»

Раҳимова С.Ҳ.

6.

Муҳайё намудани шароити техникӣ (баландгӯяк)

5 июни соли 2011

Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятдавлатдар шаҳри  Душанбе

Раҳимова С.Ҳ.

7.

Ташкил ва ба намоиш гузоштани «Гӯшаҳои табиат», расмҳо дар мавзуҳои экологӣ ва таъмини фаъолони гурӯҳи «Патрули сабз» дар чорабинӣ 

5 июни соли 2011

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе

Раҳимова С.Ҳ.