Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 June 2011

9  июни соли 2011 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзномаи иҷлосия ба баррасии 37 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурўъ намуданд.

         Аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони Кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов, Матлубхон Давлатов, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов ва Муним Холиқов пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро мавриди муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

          Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ 7 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили «Дар бораи амният», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи барҳам­ди­ҳии ташкилотҳои қарзӣ», «Дар бораи Бонки Миллии Тоҷикистон», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» ва «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни муҳокимарониҳои амиқ ҷонибдорӣ карданд.

         Ҳамзамон дар иҷлосия  Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номҳои деҳоти «Янгиобод», деҳоти «Роҳи Ленин» ва деҳоти «Оқгаза»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон», «Оид ба Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ қабул карда шуданд.

Мувофиқ ба Қарори зикргардидаи Маҷлиси миллӣ номҳои деҳоти «Янгиобод», деҳоти «Роҳи Ленин» ва деҳоти «Оқгаза»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мутаносибан ба деҳоти «Ваҳдат», Рўдакӣ» ва «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» тағйир дода шуданд.

Дар иҷлосия инчунин муроҷиати унвонии котибот аз ҷониби  Ассосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон ворид гардидаро баррасӣ намуда, аъзои Маҷлиси миллӣ онро тибқи тобеият ва салоҳият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омўзиш ва посухи расмӣ додан  ба муроҷиаткунандагон  ва Маҷлиси миллӣ  ирсол намуданд.

Дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати иштироки фаъолонаи раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 20-умин солгарди Истиклолияти давлатӣ доир намудани рўзҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар шаҳри Душанбе изҳори сипосмандӣ намуда, зимнан аз ҳар кадоме аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар партави ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба андешидани тадбирҳо баҳри ғановати бозори истеъмолӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба маводи ниёзи аввалия бо масъулияти баланд ва ибрати шахсӣ дар ҷойҳо чораҳои заруриро амалӣ созанд.