Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон - сокинони шаҳр  мерасонад, ки  тибқи талаботи моддаи 30 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 28, 29 ва 30-и Кодекси манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2011 дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе  25495 адад муроҷиати сокинони шаҳри Душанбе барои ҷудо намудани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии индивидуалӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

Бо назардошти аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ба анҷом расонидани корҳои таҳқиқотию пажӯҳишӣ ва тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ намудани нақшаи муфассали маҳал дар минтақаи Ховарон ҷиҳати идомаи бунёди хонаҳои истиқоматии индивидуалӣ ҳар кадоме дар масоҳати 0,03 га ва иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ ҳамаи руйхати шаҳрвандон барои баррасӣ ва пешниҳоди воқеӣ ба Комиссияҳои ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт баҳри баррасии аризаҳо бо мактубҳои №№24/42/31, 26/43/31, 28/41/31, 32/44/31 аз 7 июни соли 2011 фиристода шуданд.

Бинобар ин аз шаҳрвандони аз соли 2004 то 1 январи соли 2011 бо ин мақсад унвонии шаҳрдорӣ муроҷиат карда ва аризаашон дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе бақайдгирифта хоҳиш карда мешавад, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва рақами сабти муроҷиаташон дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе барои баррасии аризаашон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷойи зисташон: ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур  муроҷиат намоянд.