Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 June 2011

30 июни соли 2011 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, фаъолони пойтахт, раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома вакилон панҷ масъалаҳои марбут ба «Дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57», Дар бораи  омодагии шаҳри Душанбе ба  ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ.  дар бораи натиҷаи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010, «Дар бораи интихоб намудани раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои  нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг ва «Дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд, дар алоҳидагӣ ва бо музокираву муҳокимаи амиқ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сараввал вакилон бо шунидани гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳусноро Мирзоева бо назардошти интихоботи 29 майи соли 2011 дар ҳавзаҳои интихоботии № 23 ва № 57 баргузоргардида, мутаносибан ваколатҳои вакилон  Исҳоқов Музаффар Сафарович  ва Исупов Баҳром Назриевичро дар ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57 тасдиқ намуданд.

 Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар ҷои вакилони хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №1 интихоботи нав дар санаи   21 августи соли 2011 баргузор карда хоҳад шуд.

Дар робита ба масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи  омодагии шаҳри Душанбе ба  ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 аз 31 октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузоришҳои раисони Комиссияҳои марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуд.

Бо натиҷа аз онҳо аз ҷониби Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев дастур гардид, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани корҳои омодагӣ ва бо вусъати тоза сафарбар намудани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории муқими шаҳр дар маъракаи пешорӯ ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ибрат ва масъулияти шахсӣ ҳиссагузор гардад. Дар ин зимн муқаррар карда шуд, ки бо инобати 70 рӯз боқӣ мондан дар баргузории таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолият раисони ноҳияҳо дар таносуби шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои соҳибмулкони  манзил ва шаҳрвандон дар таносуби ҳар кадом маҳалла ва биноҳои истиқоматии бисёрквартирадор ҷиҳати ободонии маҳал ва таъмири даромадгоҳҳову намои берунаи биноҳо нақшаи муфассали иҷрои корҳоро тарҳрезӣ намуда, иҷроиши онҳоро таъмин созанд ва рафти татбиқи онҳо бо фаъол намудани корҳои мақсадноки таблиѓотӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи мустақил, ки дар иҷлосия ширкат доранд тарзи шаффоф назорат карда шаванд. 

Мувофиқ ба масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботдиҳанда - муовини Раиси шаҳри Душанбе Сановбар Раҳима афзуд, ки  ҳисоботи мазкур перомуни иҷроиши «Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010» мебошад, ки  бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №50 аз 27 марти соли 2003 баҳри татбиқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 94 аз 4 марти соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани  Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.

Қабл аз ҳама ҷойи таъкид аст, ки соҳаи тандурустии шаҳр тавассути қабули як зумра санадҳои дахлдори Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе то ба имрӯз аз нигоҳи таъмин кардан бо лавозимоту таҷҳизоти муосири тиббӣ баҳри расонидани кӯмак ва анҷоми муолиҷа ба беморон беҳтар карда шуд, ки бо истифода аз фурсат аз номи кулли кормандони соҳаи тандурстии шаҳр ба Раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқ изҳори сипосмандӣ менамоем.

Дар идома афзуд, ки  Барномаи мазкур аз 8 банд  ва 95 зербанд иборат мебошад:

1.Ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)

2.Таҷдиди сохтори беморхонагӣ

3.Ислоҳоти соҳаи санитарию эпидемиологӣ

4.Захираҳои инсонӣ

5.Таъминот бо доруворӣ

6.Маблағгузорӣ

7.Системаи идоракунӣ ва иттилооти тиббӣ

8. Ташкили таркиби Раёсати тандурустӣ.

Дар маҷмӯъ иҷроиши Барнома дар шаҳр дар тӯли солҳои зикргардида аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳр таъмин карда шуд.

Мақсади Барнома таҷдиди системаи соҳаи тандурстии шаҳр буда, дармонгоҳҳое, ки дар таркиби беморхонаҳои клиникии шаҳр ҷойгир буданд ба дармонгоҳҳои мустақил табдил шуданд ин кор  наздик кардани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ  мебошад.

Бояд қайд намуд, ки  бо дигаргун намудани номи дармонгоҳҳои шаҳрӣ, сохтори онҳо ҳам дигар гардид. Дар ин Марказҳо духтурони минтақавӣ: педиатр, терапевт, момодоя ва амрози занон (акушер-гинеколог) баъди гузаштани курсҳои бозомӯзӣ, фаъолияташонро ҳамчун духтурони оилавӣ оғоз намуданд ва ҳамин тариқ расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ба тибби оилавӣ мутобиқат карда шуд.

Аз рӯи Барнома бо кор фаро гирифтани  470 духтури оилавӣ пешбинӣ шудааст, ки айни ҳол 459 духтури тибби оилавӣ дар соҳа фаъолият менамоянд, ки 97%-и хизматрасонии аҳолиро ташкил медиҳад. Барои пурра таъмин кардани соҳа бо духтурони тибби оилавӣ  ҳамагӣ 11 нафар духтурон намерасанд. Барои ҳалли масъала аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар соли ҷорӣ 42 нафар донишҷӯён бо роҳхати Вазорати тандурстӣ дар Раёсат ба кор қабул карда шуданд, ки аз 1 август бо интернатура фаро гирифта мешаванд ва баъд аз хатми интернатура ҳамчун духтури оилавӣ фаъолият хоҳанд кард.

Ҳарчанд  татбиқи воқеии Барномаи мазкур таъмин гардида бошад ҳам рушди соҳа ҳамеша рафъи проблемаҳои рӯзмарраро бо пайдо шуданашон тақозо дорад. 

Барои мисол, берун аз талаботи Барномаи мазкур имрӯз мушкилоте чун:

- кӯҳнаву фарсуда шудани базаи моддию техники муассисаҳои табобатию профилактикӣ

- нарасидани таҷҳизоти муосири тиббӣ бо инобати зиёд шудани аҳолии шаҳр

- норасоии кадрҳои баландихтисос, ки аз рӯи тахассусҳои алоҳида, ки базаи тайёркунии онҳо дар ҷумҳурии мо нестанд.

Барои ҳалли мушкилоти зикргардида тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2010 баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва дар ин замина таҳким бахшидани ҳифзи саломатии сокинони шаҳри Душанбе, таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ, беҳтар намудани захираҳои моддию техникии муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳр Раёсати тандурустӣ  бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №157 аз 04.03.2011 “Барномаи миёнамӯҳлати рушди соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011 – 2015” бо муқаррар намудани заминаҳои молиявӣ тасдиқ гардид, ки   айни ҳол он дар марҳилаи  амалигардонӣ қарор дорад.

 Ин Барнома аз се қисми асосӣ иборат мебошад:

1.                       сохтмон, таҷдид ва таъмири профилактикӣ  (ба маблаѓи 192 млн сомонӣ)

2.                       таҷҳизонидани муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ  (ба маблаѓи 19 млн 804 ҳазор сомонӣ)

3.                       тайёр кардани кадрҳои баландихтисос берун аз ҷумҳурӣ (320 ҳазор сомонӣ ) – ( дар соли ҷорӣ 6 нафар мутахассисон аз чунин курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд)

Дар иҷлосия ҳамзамон вакилон  Субҳон Сафиалоев - вакил аз ҳавзаи интихоботии № 20-ро раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо ва Зариф Шарипов- вакил аз ҳавзаи интихоботии № 42-ро раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг интихоб намуда, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд тасдиқ карданд.