Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 July 2011

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) бинобар сабаби гузаронидани  корҳои таъмири роҳ

 

Бинобар сабаби ба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмонӣ (СНиП 3.06.03-85) ҷиҳати ҳамворӣ ҷавобгӯ набудани қитъаи таъмиршудаи хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) ва бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаи роҳи мазкур бо назардошти гузаронидани корҳои таъмири роҳ мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила, аз ҷумла:

- аз бурриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир аз 7 июл то 9 июли соли 2011;

- аз гардиши кӯчаи С.Носир то гардиш ба хиёбони И.Сомонӣ аз 9 июл то 11 июли соли 2011;

- аз гардиши хиёбони И.Сомонӣ то бурриши кӯчаи Теҳрон аз 11 июл то 13 июли соли 2011 ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда шавад.

2.   Дар робита бо муқаррароти банди 1-и Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Турахонов С.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Расулов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбариро, ки аз хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) мегузаранд ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар таѓйиротҳо ворид намоянд.

3.   Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Сабзов Ш.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ба кӯчаҳои ҳамшафат бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чораҷӯӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии соҳибтавозун дар иншооти мазкур ба фармоишгар – Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» хамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ