Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 July 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе барои ишѓоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дӯстӣ-Интернет-кафе» аз  15  июл то 15  августи 2011  озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз    17  августи соли 2011 эълон  менамояд.

Ба довталабони дар хориҷи кишвар таҳсилнамуда, мутахассисони соҳаи иқтисодиёт, дипломатия ва шахсони  таҷрибаи роҳбаридошта  афзалият дода мешавад.

 

Мӯхлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 августи соли 2011

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Тел: 221-62-56, 221-62-84.

Қарори раиси    шаҲри    Душанбе №307-17 аз  1 июли соли 2011

 

Дар  бораи  эълон  намудани  озмун  барои

ишѓоли   вазифаи директори Корхонаи воҳиди

давлатии «Маркази дӯстӣ-Интернет-кафе»

 

         Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

         

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1.Барои ишѓоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дӯстӣ-Интернет-кафе» аз  15 июл то 15  августи соли 2011 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз   17  августи соли 2011 эълон карда шавад.

      2.Аз ташкилоти Дӯстии бародаршаҳрони Боулдер - Душанбе (ш. Боулдер, Колорадо) хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати  ҷалби довталабони болаёқат зимни баргузории озмун фаъолона иштирок намояд.

       3.Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикос ва рафти  иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма, электронӣ ва шабакаҳои «Интернет»  таъмин намояд.

       4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                                       

                                                                                     М. Убайдуллоев