Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 July 2011

1.     Комиссияи тендерии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 336 аз 22 июли  соли 2011 довталабон- молистеҳсолкунандагонро барои иштирок дар озмуни хариди номгӯи зерини мол, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

 

т/р

Номгӯи дастгоҳу таҷҳизотҳо

Махсусияти  дастгоҳу таҷҳизот

1.

Дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти садо барои баргузории барномаҳои оммавӣ дар варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои бузурги консертӣ

Системаи Line Array (линейный массив) 120 кВт, системаи монитории 15 - 20 кВт

2.

Дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти пахши рӯшноӣ барои баргузории барномаҳои оммавӣ дар варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои бузурги консертӣ

Системаи пахши рӯшноӣ дар cаҳна 30 х 20 х 10

2.                       Мӯҳлати дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти мазкур то 27 августи соли 2011:

3.                       Молистеҳсолкунанда  барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ  метавонанд ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18 Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

4.                       Молистеҳсолкунандагоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани ҳаққи бебозгашт, ҳуҷҷатҳои тендерии худро дар лифофаҳои мӯҳркардашуда, ба суроғаи дар боло зикргардида то соати 10:00 рӯзи 15 августи соли 2011 пешниҳод намоянд. Баъд аз итмоми мӯҳлати зикрёфта пешниҳоди молистеҳсолкунанда қабул карда намешавад.

5.                       Ҳар як пешниҳоди тендерӣ бояд кафолатномаи бонкӣ дошта бошад.

6.                       Озмуни харид бо иштироки номаҳдуди молистеҳсолкунандагон гузаронида мешавад.

7.                       Лифофаҳо бо пешниҳоди молистеҳсолкунандагон аз ҷониби комиссия дар раванди озмуни харид, ки соати 10:00 рӯзи  16 августи соли 2011 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48 баргузор мегардад, кушода мешаванд. Намояндагони молистеҳсолкунандагон ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.