Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 September 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба таваҷҷўҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки рўзҳои 2-3 сентябри соли 2011 тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ  дар чор мавзеи  шаҳри Душанбе : Боғҳои фароғатии «Дўстии Халқҳо», ба номи Садриддин Айнӣ, майдони 800-солагии Москва ва гулгашти Александр Мироненко  ба ифтихори истиқбол аз 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  ва ғановати дастурхони идонаи Шумо намоиш - фурўши асал ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон  доир менамояд.

Марҳабо, аз намоишгоҳҳо фаровон истифода намоед!