«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 September 2011

Муроҷиати Ташкилоти иттиҳодиявии «Ҷавонони асри 21» № 56 аз 2 августи соли 2011-ро баррасӣ намуда, бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёти экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва солимгардонии шаҳрвандон дар шаҳри Душанбе ва дар назардошти Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 375 аз 24 июни соли 2010 «Дар бораи ваколатдор намудан» оид ба бо сифати баланд татбиқ намудани марҳилаи аввали Лоиҳаи муштараки Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе БРСММ/ФГЭ «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» UNDP/NU/PU/173, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.Ташаббуси Ташкилоти иттиҳодиявии «Ҷавонони асри 21»  оид ба 17 сентябри соли 2011, соати 800 тибқи нақша ва хатсайри замимагардида баргузор намудани веломарафон бо иштироки сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ ва ба он тибқи муқаррароти амалкунанда барои ташкили рекламаи иҷтимоии мавзўӣ дар шаҳр ва инчунин насби онҳо дар троллейбусҳо то 18 сентябри соли 2011 иҷозат дода шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А. М., раиси ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷўраев А.Ш.), Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д. М.), Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе (Ҳалимов Р.М.) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва мақсаднок гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намоянд.

3. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Сабзов Ш.) дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев С.З.) бобати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандону иштирокчиён дар вақти баргузории чорабинии веломарафон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Муқаррар карда шавад, ки дар ҳудуди марзи маъмурии шаҳҳри Душанбе ҳангоми лоиҳакашии сохтмони роҳҳои нав ва ё таъмири асосию ҷории роҳҳои мавҷуда тибқи талаботи Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚС 30-01-2007* «Шаҳрсозӣ. Банақшагирӣ ва бунёди маҳалҳои аҳолинишин» хати ҳаракати велосипедронҳо  бо гузоштани аломатҳои ишоратии роҳ пешбинӣ ва риоя карда шавад ва Роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ, новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ, барои таваққуфи муваққатии велосипедҳо дар ҳудуди корхонаву ташкилотҳо нуқтаҳои махсусгардонидашударо  ташкил намоянд.

5. Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Бобоев С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо шўъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Тўрахонов С.Ҷ.) дар ду тарафи минтақаи пиёдагарди кўчаи Шотемур, дар доираи лоиҳа ҳамчун хатсайри таҷрибавӣ аломатгузории роҳи велосипедрониро аз ҳисоби Ташкилоти иттиҳодиявии «Ҷавонони асри 21» - пудратчии Лоиҳаи «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» UNDP/NU/PU/173 амалӣ созанд.

         6. Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

         7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                          

       М. УБАЙДУЛЛОЕВ