Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 September 2011

29  сентябри  соли 2011  Иҷлосияи ҳафтуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» А.Ёров, раиси ҶСК «Тоҷиктрансгаз» С.Шарофиддинов, директори Гурӯҳи татбиқи «Лоиҳаи кам кардани талафоти нерӯ»-и ШСХК «Барқи тоҷик» М.Аминов, раиси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Б. Ҳабибов, фаъолони шаҳр, роҳбарони сохторҳои  худфаъолияти ҷамъиятию Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида:  

              - дар бораи гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №1.

            - ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. «Дар бораи рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №189-6 аз 14 апрели соли 2011 «Дар бораи  чораҳои  таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои он, сохторҳои мухталиф ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012»;  

- ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак  Каримова М.Х. доир ба фаъолияти Комиссия;

            - ҳисоботҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Муминов Б.Ғ. аз ҳавзаи интихоботии №8 ва Давлатов М. аз ҳавзаи интихоботии №63 оид  ба иҷрои ваколатҳои худ.

- дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Комиссияи доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Душанбе.

- дар бораи  Муроҷиатномаи  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум;

- дар бораи  тасдиқ намудани  Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе,  шурӯъ намуданд.

Сараввал вакилон бо шунидани гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳусноро Мирзоева бо назардошти интихоботи 21 августи соли 2011 дар ҳавзаи интихоботии № 1 баргузоргардида, ваколати вакил  Холиқова Тамара   Мамадҷоновнаро дар ҳавзаи интихоботии №1 тасдиқ намуданд.

Сипас, зимни баррасии  ҳисоботи муовини якуми Раис шаҳри Душанбе  Н. Хайруллоев зикр гардид, ки имсол низ, ҳанӯз 14 апрели соли ҷорӣ Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №189-6 аз 14 апрели соли 2011 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои мухталиф ва аҳли ҷамоатчигӣ ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ба тасвиб расид, ки Нақшаи чорабиниҳои бо он тасдиқгардида бо тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо мувофиқа гардида буданд.

Тибқи Нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида самтҳои фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ муайян шуда, ҷараёни иҷрои онҳо дар ситодҳои шаҳриву ноҳиявии таъсисгардида мунтазам баррасӣ ва нисбати проблемаҳои мавҷуда чораҷӯӣ карда мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки нисбати соҳаҳои аз буҷети шаҳр маблағгузоршаванда дар ин раванд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, солҳои охир тамоюли мусбӣ мушоҳида мешавад, чунончӣ дар самти омодасозии соҳаҳои гуногуни шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешоянд дар буҷети шаҳр 183,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои соҳаи хоҷагии манзиливу коммуналӣ – 161,0 млн. сомонӣ, маориф – 13,4 млн. сомонӣ, соҳаи тандурустӣ – 8,5 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш – 556,8 ҳазор сомонӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 190,6 ҳазор сомонӣ маблағҳо пешбинӣ карда шудаанд, ки нисбати соли гузашта 73,8 млн. сомонӣ ва нисбати соли 2009 – 109,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

               Оид ба хизматрасониҳои муҳандисие, ки дар салоҳияти шаҳрдорӣ қарор доранд, аз ҷумла обтаъминкунии шаҳри Душанбе, бояд қайд намуд, ки проблемаи асосӣ ин талафоти оби истеҳсолшуда зиёда аз 70 фоиз мебошад, ки он вазъияти молиявии корхонаро душвор намуда, таъмини иҷрои нақшаву барномаҳои техникӣ-иқтисодии онро халалдор месозад.

               Оиди масъалаи мазкур дар доираи Консепсияи ҷадиди рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ корҳои омодасозии Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардид ва 7 июни соли 2011 Шӯрои директорони Бонк лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намуд.

               Лоиҳаи мазкур, ки аз 16 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ иборат мебошад, баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» бо инобати  авлавият додани самтҳои харид ва насби 76500 адад ҳисобкунакҳои обӣ барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда равона гардидааст.

      Барои муқоиса, баъди васли 76500 адад ҳисобкунакҳои обӣ ба муштариёни инфиродӣ (оилаи миёна – 4,5 нафар), дар як шабонарӯз 250-350 м3 (ба ҳисоби миёна 300м3 ба ҷои айни ҳол 900 м3) оби нӯшокӣ масраф мегардад, яъне

(76500 х 4,5 х 900 литр = 309825000 литр = 309 825 м3)

(76500 х 4,5 х 300 литр = 103275000 литр = 103275 м3)

(309 825 м3 – 103275 м3 = 206550 м3)

ё дар як сол зиёда аз 75 млн. м3 оби нӯшокӣ сарфа хоҳад гашт.

               Нисбати омодагии КВД “Обу корези Душанбе” ба мавсими зимистон бояд қайд намуд, ки чорабиниҳои банақшагирифташуда иҷро гардида, ҳамзамон то 20 сентябр барои эҳтиёҷоти обсофкунӣ 385,8 тонна коагулянт захира гардидааст, ки 77,0 фоизи нақшаро ташкил менамояд ва то 1 ноябри соли 2011 захираи коагулянт дар ҳаҷмҳои пешбинишуда пурра таъмин мегардад.

               Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешаҳр” татбиқи барнома ва чорабиниҳои таҷдиду муосирсозии системаи равшаникунии шаҳр ва динамикаи ҳарсолаи сарфаи қувваи барқро амалӣ намуд. Чунончӣ, дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,26 млн кВт.соат қувваи барқ сарфа карда шуд ва фаъолияти системаи равшанидиҳии шаҳр дар мавсими дар пешистода низ бо “реҷаи зимистон” ба роҳ монда мешавад.

               Ҷиҳати омодагии фонди манзили шаҳр, ки ба ӯҳдаи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, вобаста ба салоҳияташон вогузор карда шудааст, бояд қайд намуд, ки дар ин самт фаъолияти сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияҳо ҷиҳати фарогирӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ, аз ҷумла субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба маъракаи муҳимми омодагӣ баҳри истифодабарии сарфакоронаи хизматрасониҳои коммуналӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, одобу муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифз ва оқилона истифода бурдани иншоотҳою моликияти шаҳрдорӣ нокифоя буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошад.

               Вобаста ба ин, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати то 1 ноябри соли 2011 пурра таъмин намудани чорабиниҳои тасдиқгардида андешанд, аз ҷумла:

-                омода намудани биноҳои истиқоматии банақшагирифташуда барои қабули гармӣ ва дастрас намудани шиносномаи тайёрӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе (ба ҳолати 20 сентябри соли 2011: ноҳияи Шоҳмансур – 98,5%, ноҳияи И.Сомонӣ – 96,3 %, ноҳияи  Сино – 26,7 %, ноҳияи Фирдавсӣ – гармии мутамарказ пешбинӣ нашудааст);

-                таъмини захираи сӯзишворӣ барои фаъолияти сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ дар мавсими зимистон (ба ҳолати 20 сентябри соли 2011: ноҳияи Шоҳмансур – 100%, ноҳияи И.Сомонӣ– 0, ноҳияи Сино – 0, ноҳияи .Фирдавсӣ – 100 %);

-                омодасозии техникаи мавҷудаи коммуналӣ барои фаъолият дар мавсими зимистон (ба ҳолати 20 сентябри соли 2011: ноҳияи Шоҳмансур – 89,2%, н. И.Сомонӣ– 80%, н.Сино – 100%, н.Фирдавсӣ – 100 %);

-                захираи маводҳои инертӣ барои дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳо дар мавсими зимистон (ноҳияи И.Сомонӣ: захираи қум – 93,3 %, захираи намак – 95 %, ноҳияи Шоҳмансур: захираи қум – 132,2 %, захираи намак – 172,3 %, ноҳияи Фирдавсӣ: захираи қум – 100,0 %, захираи намак – 100,0%, ноҳияи Сино: захираи қум – 100,2 %, захираи намак – 101,5 %);

-                ба охир расонидани чорабиниҳои гарминигоҳдорӣ, аз қабили таъмири бом ва дару тирезаҳои даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, шишабандии онҳо (ноҳияи И.Сомонӣ: таъмири бом – 103,1 %, таъмири дару тирезаҳо – 97,5 %, шишабандӣ – 99,2 %, ноҳияи Шоҳмансур: таъмири бом – 100,0 %, таъмири дару тирезаҳо – 100,7 %, шишабандӣ – 102,0, ноҳияи Фирдавсӣ: таъмири бом – 94,5 %, таъмири дару тирезаҳо – 93,9 %, шишабандӣ – 90,7%, ноҳияи Сино: таъмири бом – 78,0 %, таъмири дару тирезаҳо – 81,9 %, шишабандӣ – 69,2 %).

Душвории асосие, ки солҳои охир боиси ташвиши роҳбарияти шаҳр ва умуман ҳар як сокини он ба шумор меравад, ин проблемаи камбуди истеҳсоли нерӯи гармӣ ва гази табиӣ, ки мутобиқан ба салоҳияти ШСХК «Барқи Тоҷик»  ва ҶСК “Тоҷиктрансгаз” вогузор гардидааст мебошад, зеро барои истеъмолкунандагони шаҳри Душанбе  соли 2010 ба ҷои 389 Гкал-и дар мавсим пешбинишуда танҳо 58,7 Гкал истеҳсол гардидааст, ки ҳамагӣ 15,1 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин барои тамоми гурӯҳи истеъмолкунандагони шаҳри Душанбе соли 2010 2,2 млн м3, аз ҷумла аҳолӣ – 0,5 млн м3 гази табиӣ интиқол дода шудааст, ки нисбати талабот  мувофиқан 0,2 ва 0,9 фоизро ташкил менамояд.

Дар соҳаи газтаъминкунӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба истеъмолкунандагон ҳамагӣ 1077 ҳазор м3, аз ҷумла ба аҳолӣ аз шумораи умумии муштариён (108492 адад) ҳамагӣ ба 557 муштарӣ 386,8 ҳазор м3 гази табиӣ интиқол дода шудааст, ки танҳо 0,5 фоизи муштариёнро ташкил менамояд ва дар мавсими зимистони пешоянд низ ягон беҳбудӣ дар ин соҳа дида намешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳолати ҷойдошта то андозае  сабабҳои объективӣ низ дорад, аммо бо назардошти дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе то имрӯз захира гардидани танҳо зиёда аз 7 ҳазор тонна мазут аз 30 ҳазор тонна мазути нақшавӣ ва душвориҳои ҳарсолаи хариди гази табиӣ (130 млн м3) ва банақшагирӣ дар мавсими гармидиҳии пешоянд бо иқтидори 100 МВт на танҳо фаъолияти бо низоми    корхонаи мазкур, балки  вазъиятро на беҳбуд, хатто омодагиҳои сохторҳои шаҳриро аз камбуди истеҳсоли гармӣ ба ҳолатҳои ғайричашмдошт рӯ ба рӯ месозад.

Бо мақсади нисбатан кам намудани дефитсити нерӯи гармӣ, бо назардошти солҳои охир фаъолият накардани дегхонаи “Ғарбӣ”-и Маркази барқу гармидиҳии ШСХК «Барқи Тоҷик»  (аз соли 2001 то соли 2011 аз 11 мавсим ҳамагӣ як мавсим фаъолият намудааст) бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе шартномаи тарафайн байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Компомаш-ТЭК» (Федератсияи Россия) оид ба васл намудани 2 (ду) деги КВГМ-35-150 бо иқтидори умумии 60 Гкал/соат бо истифодабарии «сӯзишвории сунъии композитии моеъ» (дар асоси ангишти маҳаллӣ) ва сохтмони хатти истеҳсоли он дар дегхонаи «Ғарбӣ»-и Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ ба маблағи умумии 29 млн. сомонӣ ба имзо расида, корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз моҳи августи соли 2009 оғоз гардида, бояд то саршавии мавсими гармидиҳии гузашта (соли 2010) ба итмом мерасиданд, вале то имрӯз ҳамагӣ ба маблағи 5488 ҳазор сомонӣ ( 33%) корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидааст, ҳол он ки аз буҷаи шаҳр ба ин мақсад ба ШСХК «Барқи Тоҷик» маблағи 16682,5 ҳазор сомонӣ ҳамчун дастгирии молиявӣ аз ҳисоби пешпардохти истифодаи қувваи барқ  аз ҷониби сохторҳои аз буҷаи шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда равона гардидааст.

Зарурияти амалисозии шартномаи зикргардида дар он мебошад, ки дар ҳолати татбиқи амалии он дефитсити гармӣ ва мутаносибан нерӯи барқ дар мавсими гармидиҳӣ дар қисми зиёди ноҳияи Сино ва як қисмати ноҳияи Фирдавсӣ, ки солҳои тӯлонӣ аз гармии мутамарказ маҳруманд, паст карда мешавад, зеро талабот ба гармӣ танҳо дар ноҳияи Сино 153,5 Гкал дар як соат (178 МВт) ва барои мавсими тирамоҳу зимистон 552600 Гкал ё 642 млн.кВт.соатро ташкил медиҳад. Ба истифода супоридани дегҳои КВГМ-35-150, ки иқтидори он 60 Гкал/соат (70 МВт) мебошад, имконият медиҳад, ки дар мавсими зимистон (150 рӯз) 216000 Гкал нерӯи гармӣ истеҳсол ва 252 млн.кВт.соат нерӯи барқ сарфа карда шавад ва бо назардошти иқтидори дегхонаҳои автономии мансуб ба моликияти коммуналӣ сарфаи қувваи барқ аз ҳисоби истеҳсоли нерӯи гармӣ, бе назардошти иқтидори Маркази барқу гармидиҳӣ, ҷамъ – 0,4 млрд. кВт.соатро дар 5 моҳи мавсими тирамоҳу зимистон ташкил хоҳад намуд.

Мутаассифона, ҳалли масъалаи номбурда на ба салоҳияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, балки ба ШСХК «Барқи Тоҷик» шомил мебошад.

 Бо мақсади нисбатан кам намудани дефитсити гармитаъминкунии мутамарказ дар асоси барномаҳои шаҳрдорӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони пешоянд гармитаъминкунии 21 иншооти иҷтимоӣ тавассути 12 дегхонаи автономӣ бо иқтидори 19,2  Гкал/соат ва ду дегхонаи дар соли ҷорӣ барқароршуда-дегхонаи “Беморхонаи кӯдаконаи касалиҳои сил” ва дегхонаи “Айнӣ-48” (Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”) низ мавсими гармидиҳӣ ба фаъолият шурӯъ менамоянд, ки дар маҷмӯъ 24 иншоот бо иқтидорӣ 19,55 Гкал/соат (16,8 МВт) бо гармӣ таъмин карда мешаванд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи гармитаъминкунии иншоотҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини самаранокии истифодабарӣ ва сарфаҷӯии гармии истеҳсолшаванда, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №234 аз 19 майи соли 2011 «Дар бораи аз тавозуни Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ба тавозуни муассисаҳои истифодабаранда супоридани дегхонаҳои автономӣ» истифодабарии дегхонаҳои автономӣ ба ӯҳдаи муассисаҳои истифодабаранда вогузор карда шудааст.

Новобаста аз чораҳои аз ҷониби шаҳрдорӣ дар ин самт андешидашудаистода, дефитсити истеҳсоли нерӯи гармии мутамарказ боқӣ монда, мавсими гармидиҳии пешоянд низ тамоми серборӣ ба соҳаи барқтаъминкунӣ вогузор мегардад. 

Аммо сатҳи омодагии шабакаҳои барқтаъминкунӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ба талабот ҷавобгӯй намебошад, зеро то 16 сентябри соли 2011 бинобар саривақт бо маводу таҷҳизоти зарурӣ таъмин нагардидани Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», ки роҳбарии оперативию молиявии онро ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ӯҳда дорад, то имрӯз иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташудаи зерин ба таъхир гузошта шудаанд, аз ҷумла: 

- дар Зеристгоҳи «Иншоотҳои обтозакунӣ» («Очистные сооружения») сатҳи иҷроиши корҳо - 10 фоиз;

- сохтмони нуқтаи трансформатории НТ-10 кВ дар маҳаллаи 92-юм низ иҷроишаш танҳо 10 фоиз;

- таъмири ҷорию асосии истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4кВ - 503 адад истгоҳи трансформаторӣ таъмири асосӣ карда шуда, иҷроиш ҳамагӣ – 70,0 фоиз;

- таъмири қуттиҳои барқтақсимкунии дохили биноҳои баландошёна (ВРУ) – ҳамагӣ 942 адад (иҷроиш – 63,4 фоиз);

- таъминот бо равғани трансформаторӣ – 13,7 тн равғани трансформаторӣ захира карда шудааст (иҷроиш – 37,8 фоиз).

               Бо назардошти вазъи ҷойдошта иҷлосия чунин муқаррар намуд: 

1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”:

- таъминоти зерсохторҳои худро бо маводҳои зарурӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, дастгоҳу таҷҳизотҳо ва техникаи зарурӣ дар давраи омодагӣ ва зимистонгузаронӣ дар сатҳ ва ҳаҷмҳои лозимӣ фавран ба роҳ монад;

- иҷрои нақшаи хариди маводи сӯзишвориро барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар ҳаҷмҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №204 аз 30 апрели соли 2011 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012»  тасдиқгардида (мазут – 30 ҳазор тонна, гази табиӣ – 130 млн м3) таъмин намояд, зеро таъминоти Маркази барқу гармидиҳӣ бо гази табиӣ дар мавсими солҳои 2010-2011: нақша - 130 млн м3, иҷроиш – 2,6 млн.м3 ё 2,0 % амалӣ гардида буд.

- комиссияи салоҳиятдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  зери роҳбарии А. Рауфӣ ҷараёни дар асоси Қарори зикргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миқдори зарурии гази табиӣ ва  мазути моеъ таъмин намудани Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо аз ҷониби ШСХК “Барқи тоҷик” ва ширкати ТАЛКО назорат барад.

- ҷиҳати то 1 январи соли 2012 ба истифода додани дегҳои КВГМ-35-150 бо истифодаи сӯзишвории сунъии композитии моеъ дар дегхонаи «Ғарбӣ»-и Маркази барқу гармидиҳӣ чораҳои фаврӣ андешад. Барои амалигардонии лоиҳаи мазкур, ки ба нафъи сокинони шаҳри Душанбе  нигаронида шудааст, зикр гардид, ки шаҳрдорӣ омода аст, иловатан ба тадбирҳои дастгирии молиявии қаблан андешидааш ҳамчун пешпардохт барои истифодаи нерӯи барқ аз тарафи субъектҳои аз ҷониби маблағҳои буҷети шаҳр маблағгузоришаванда маблағҳои боқимондаи арзиши лоиҳаи мазкурро дар сурати ворид шудани  мактуби расмии роҳбарияти ШСХК “Барқи тоҷик”пардохт намояд ;

- дар якҷоягӣ бо ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” тадбирҳои комплексиро ҷиҳати паст намудани талафоти қувваи барқ, таъмини ҷамъоварии пурраи маблағи ҳаққи истифодаи барқ, пардохти қарзҳо, ба роҳ мондани ҳисобкунии дақиқи қарзҳои дебиторӣ ва гузаронидани корҳои васеи тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ таҳия ва татбиқи онҳоро ба роҳ монанд, зеро дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ талафоти қувваи барқ дар шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе 19,5 фоиз буда, сатҳи ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ ҳамагӣ 81,9 фоиз, аз ҷумла аз аҳолӣ танҳо 75,2 фоизро ташкил намудааст.

               Бо назардошти сатҳи баланди талафоти қувваи барқ Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ва ҷалби сохторҳои дахлдор нисбати истифодабарии ғайриқонунии қувваи барқ санҷишҳои муштаракро зиёд ва ба таври доимӣ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои комплексӣ андешанд.

 

2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз”:

- ҷиҳати ояндаи системаи газтаъминкунии шаҳри Душанбе, тадбирҳои банақшагирифташуда, инчунин фаъолияти истеҳсоливу иқтисодӣ, иҷтимоиву молиявии зерсохтори худ - ҶСШК “Душанбегаз” ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе то 1 ноябри соли 2011 ахбори муфассал пешниҳод намояд;

- ҷиҳати дар заминаи базаи моддӣ-техникии ҶСШК “Душанбегаз” барқарор намудани системаи хизматрасонии газпуркунӣ ва тақсимоти гази моеъ барои шаҳри Душанбе  чораҳои зарурӣ андешад;

- имконияти таъминкунии истеъмолкунандагони қисмати ноҳияи Фирдавсиро бо гази табиии маҳаллӣ дар мавсими зимистон мавриди коркард қарор дода, фавран ҳаллу фасл намояд.

-  барои дар мавсими пешорӯ бо маводи гази моеъ тамин намудани нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар заминаи корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ нуқтаи дастрасӣ ба гази моеъро тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил намояд.

Вобаста ба ҷараёни омодасозии соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанбе ба мавсими зимистони дарпешистода:

1.            Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.:

-                бо мақсади роҳандозии системаи фаврии назорат ва иҷроиши чорабиниҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Ситоди шаҳрӣ, гузаронидани ҷаласаҳои сайёри Ситоди шаҳрӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва сохторҳои муҳандисӣ пайваста ба роҳ монда шавад ва ҳамарӯза дар вохӯриҳои ноҳиявӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо бо иштироки сохторҳои шаҳрӣ мавриди баррасии қатъӣ қарор гирад;

-                дар якҷоягӣ бо Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе ва Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе омодагии корхонаву ташкилот, муассисаву субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбударо, вобаста ба таъмини чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ, садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулодда таҳти санҷиш ва назорати доимӣ қарор диҳанд;

-                тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати таъмини фаъолияти мӯътадили системаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо КВД “Обу корези Душанбе” андешад.

2.            Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои системаи энергетикии шаҳри Душанбе ҷиҳати омодасозӣ ва таъмини фаъолияти мӯътадили онҳо дар мавсими зимистон тадбирҳои иловагӣ андешад.

3.            Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. дар якҷоягӣ бо раёсатҳои маорифу тандурустӣ ва шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе фаъолияти мӯътадил ва меъёрии муассисаҳои сарпарастро дар мавсими зимистон, инчунин фаъолияти самараноки дегхонаҳои автономии дар тавозундоштаро ба роҳ монад.

4.             Муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. дар якҷоягӣ бо Корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1»,  «Автобус-2, «Автобус-3» ва «Троллейбус» тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №189-6 аз 14 апрели соли 2011  то 1 декабри соли 2011 захираи лозимии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётиро барои фаъолияти меъёрии корхонаҳои мазкур таъмин намуда, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои нақлиётии коммуналӣ ва ғайрикоммуналӣ нақшаи кори мунтазами нақлиёти мусофирбарии шаҳрро барои мавсими тирамоҳу зимистон амалӣ намояд.

5.            Муовини Раиси шаҳри Душанбе Сафаров С. дар якҷоягӣ бо роҳбарони бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе тибқи нақшаи бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №189-6 аз 14 апрели соли 2011 тасдиқгардида дар анборҳои шаҳр миқдори зарурии маҳсулоти истеъмолӣ (орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, сабзавот, мевагӣ) ва маводи сӯзишворӣ, аз  он ҷумла ангиштро то 1 декабри соли 2011 захира ва фурӯши ҳаррӯзаи онҳоро дар ҷойҳои  муайяншуда таъмин намуда, дар ин раванд тамоми бозорҳои истеъмолии воқеъ дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият, ҷалб карда шаванд.

Сипас, вакилон бо ба инобат гирифтани ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак  Каримова М.Х. доир ба фаъолияти Комиссия, ҳисоботҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Муминов Б.Ғ. аз ҳавзаи интихоботии №8 ва Давлатов М. аз ҳавзаи интихоботии №63 оид  ба иҷрои ваколатҳои худ дар иҷлосия Низомномаи Комиссияи доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Душанберо тасдиқ намуда, барои то фарҷоми мӯҳлати ваколати вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум дар шаҳри Душанбе тамдид намудани фазои “Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ” Муроҷиатномаи навбатии худро қабул намуданд.

Дар иҷлосия бо мақсади ноил гардидан ба сатҳи зарурии фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва тақвияти корҳои оммавӣ ва дар ин замина таъмин намудани муқаррароти Маромномаи сокини пойтахт,  Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва рушди рӯзафзуни иқтисодию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе вакилон “Барномаи  фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва тақвияти корҳои оммавӣ дар шаҳри Душанбе “-ро барои татбиқ тасдиқ намуданд. ........ .