Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2011

Дар шаҳри Душанбе шурӯъ аз 15 октябри соли 2011 мутобиқ ба Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 101 аз 22 сентябри соли 2011 нархи амалкунандаи пардохти оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ  тағйир меёбад.

Ин тасмим дар асоси пешниҳоди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» бо назардошти гароншавии нархи  нерӯи барқ,  реагентҳои безараргардонӣ ва поксозии оби нӯшокӣ, сӯзишвории нафтӣ ва баргардонии қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ  оид ба татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе қабул гардидааст.

Тибқи муқаррароти зикргардидаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе бар ивази  пардохтҳои ҷойдошта баҳр як муштарӣ аз ҳисоби 350 м 3 дар як шабонарӯз, дар як моҳ: аҳолӣ 1 нафар 2,47 сомонӣ, корхонаҳои буҷавӣ 0,71 сомонӣ, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 1,68 сомонӣ ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 1,5 сомонӣ бо тартиби зайл амалӣ карда мешаванд: аҳолӣ 1 нафар 3,50 сомонӣ, корхонаҳои буҷавӣ 1,4 сомонӣ, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,71 сомонӣ ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 2,3 сомонӣ.