Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 December 2011

Таҳлили маводҳои таърихӣ аз китобҳои «Большая советская энциклопедия», «Энциклопедическая словарь», Интернет ва ғайра дастрасгардида шаҳодат медиҳанд, ки Соли нави мелодӣ, ки имрўз дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, бо хусусияти дунявӣ таърихи беш аз 2000 сола дошта, ба таблиғи расонаҳои хабарии ватанӣ, ки онро ба ҷаншгирии мавлуди Исои Масеҳ алокаманд медонанд,  хушбахтона иртиботе надорад.

Ҷашни мавлуди Исои Масеҳ – Рождество, ки  аз ҷониби насрониёни православӣ  ҳамасола баъд аз  анҷоми рўзаи (пости) 40 рўзаи онҳо ( аз 28 ноябр то 6 январ) гузаронида мешавад, ба истиқбол аз воридшавии Соли нав вобаста нест.

Зеро соли 46-и пеш аз мелод аз ҷониби Императори Рим Юлий Цезар 1 январ ба ифтихори Янус- Худои интихобу ибтидоҳо ҳамчун оғози Соли нав муайян ва соли 1582 аз ҷониби Папаи Рим Гиригории XIII низ дар солшумории григорианӣ 1 январ ҳамчун оғози моҳи Соли нав муқаррар карда шуд.

То соли 988 мелодӣ, яъне то пазириши дини насронӣ дар Россия Соли нав мутобиқ ба солшумории Юлиянӣ 1 март таҷлил карда мешуд.    

Бо амри Пётри 1 дар соли 1699 (тибқи солшумории пайдоиши олам дар Россия соли 7208 –ум ҷараён дошт ва таҷлили Соли нав дар Россия мутобиқ ба амри калисои провославӣ 1 сентябр муайян шуда буд) ба хотири ислоҳоти тақвимӣ ва мувофиқгардонии солшумории юлиании дар Россия маъмул бо солшумории григориании Аврупо таҷлили Соли нав дар ин кишвар 1 – уми январ ба ҳукми анъана даромада. 

Бори нахуст 1 – уми январи соли 1700 Соли нав дар майдони назди Кремли шаҳри Москва бо шодию сурур ва бо истифода аз фейерверкҳо баргузор карда шуд, ки он хусусияти дунявӣ дошт.

Бо вуҷуди ин амри Петри 1 калисои православии Рус то имрўз фаъолияти худро на бо тақвими григорианӣ, балки бо тақвими юлиянӣ анҷом медиҳад.

Баъд аз соли 1917 Ҳукумати Россия масъалаи гузаштан ба тақвими григорианиро, ки тамоми Аврупо ҳанўз соли 1582 ба ин тақвим гузашта буд, ба миён гузошт.

24-уми январи соли 1918 Шўрои комиссарони халқӣ  Декретро оид ба воридшавии Россия ба тақвими Аврупои Ғарбӣ қабул намуд.

Мутобиқ ба амри Президиуми Шўрои Олии СССР аз 23 декабри соли 1947 Якуми январ ҳамчун рўзи Соли нав ва рўзи истироҳатӣ эълон карда шуд.

Аз кишварҳои мусалмонӣ дар Туркия бисёриҳо Соли нави мелодиро мутобиқ ба тақвими григорианӣ қайд намуда, ба ҷои Санта Клаус қаҳрамони миллии худ Ноол Боборо интихоб кардаанд.

Мутобиқ ба пиндор ва боварҳои мардумони насронимазҳаб бо шўру мағал истиқбол гирифтани Соли нав ин маънии рондани рўҳҳои нопоки шайтониро дорад. Истифодаи арчаи сабз, додани ҳадяҳо, ки дар собиқ аз унсурҳои ҷашни мавлуди Масеҳ (Рождество) буданд, дар замони Шуравӣ бо манъи тамоми ҷашнҳои мазҳабӣ ба русуми Солинавӣ табдил дода шуд.

Сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки таҷлили Соли нав бо хусусияти дунявияти худ ба ҷашни мавлуди Исои Масеҳ чандон робитае надорад.        

Феълан ба истиснои як қатор кишварҳои араб ва ҶИ Эрон солшумории гиригорианӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст.

Дар Тоҷикистон, ки узви комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эҳтиромгузор ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад, таҷлили Соли нав  аз замони Иттиҳоди Шўравӣ ба  мерос монда, дар сатҳи давлатӣ истиқбол карда мешавад. Таҷлили Соли нави мелодӣ дар мамлакати соҳибистиқлоли мо комилан хусусияти дунявӣ дошта, ҳаргиз маънои пайравӣ ба дини ғайрро надорад.