Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 January 2012

Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ  аз  27 январ то  29 феврали  соли 2012 озмун эълон менамояд.

а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

•    мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
•    мудири шӯъбаи ташкилӣ;
•    мудири шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;
•    мудири шӯъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;
•    мудири шӯъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;
•    сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
•    сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ;
•    сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо;
•    сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо;
•    сармутахассиси шӯъбаи коммуналию муҳандисӣ;
•    сармутахассиси шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ;
•    сармутахассиси бахши корҳои махсус.
•    мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа;
•    мутахассиси пешбари шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;
•    мутахассиси пешбари шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ;
•    мутахассиси шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;
•    мутахассиси шӯъбаи сохтмон ва ободонӣ;
•    мутахассиси шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ.
     
б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
дар шаҳри Душанбе:


•    сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;
•    мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила;
•    мудири шӯъба оид ба корҳои дин;
•    мудири шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
•    сармутахассиси шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
•    сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак.
•    мутахассиси пешбари  шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
•    мутахассиси шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;                                        
•    мутахассиси шӯъба оид ба корҳои дин.

          
       Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

    - аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;
    - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );
    - тарҷумаи ҳол;
    - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
    - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи
  меҳнатӣ надорад);
    - маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;
    - нусхаи шиноснома;
                       
      Ба довталабоне, ки то соли 1992 Донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намудаанд ва дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда ва аз рӯи ихтисос доранд,  афзалият дода мешавад.
        Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то   27  феврали соли 2012
        Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи  кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Тел: 221-62-56, 221-62-84.

ҚАРОРИ РАИСИ    ШАҲРИ    ДУШАНБЕ №32 аз 26 январи соли 2012