Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 February 2012

Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокии

шоҳқубури    Ø-600мм, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо

 

         Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 26 январи соли 2012 таҳти №1/4-19 барраси намуда бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №259 аз 27 майи соли 2011 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба таъмири асосии кӯчаи Дӯстии халқҳо (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то ҳалқаи назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ҷиҳати таъмир, пайваст ва иваз намудани қубурҳои Ø-400 мм ба қубури Ø-600 мм, дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оиди  муваққатан аз соати 800 рӯзи 7 феврал то соати 800 рӯзи 8 феврали соли 2012 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури Ø-600 мм, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо  ҷонибдорӣ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни таъмир, пайвасткуни ва ивази қубури Ø-400 мм ба қубури Ø-600 мм, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини зерин:

ноҳияи Исмоили Сомонӣ:

- кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, М.Қурбонов ва бинои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон»;

ноҳияи Шоҳмансур:

- маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2 ва кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Адҳамов, Репина, Беҳзод, А.Дониш қатъ мегардад.

3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

 4. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., и.в. раиси ноҳияи Шоҳмансур - Бобоев С.Қ. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» - Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат карор диҳад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

 

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ