Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2012

9 феврали соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳр баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъулини идораҳои соҳавӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз шаҳри Душанбе, олимони соҳаи нақлиёт, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ҷамъиятҳои машғул ба мусофиркашонӣ дар пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дар пешбурди назорати чамъиятӣ оид ба фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ масъулбуда ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи ҷамъиятӣ таҳиягардидаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба тарифҳои нави ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, бо инобати мутобиқат накардани он оид ба таъмини ҳифзи иҷтимоии категорияҳои алоҳидаи шаҳр, лоиҳаро бе ҷонибдорӣ, барои коркарди иловагӣ баргардонд.

Дар ин зимн муқаррар сохт, ки дар мўҳлати ду ҳафта масъулин лоиҳаро бо ҷалби институтҳои дахлдор мукаммал сохта, унвонии Раиси шаҳри Душанбе ирсол созанд.

Бо назардошти мақсаднок истифодашавии маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи нақлиёт ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ  масъалаи монетизатсия, ё худ тарзи суроғавӣ ба категорияҳои имтиёздор равона намудани маблағҳо, ки минбаъд дар истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ нишон додани шаҳодатномаҳои хизматӣ ё нафақахўрӣ аз байн бурда шавад ва аз ҷониби ҳама истифодабарандагон пардохти якмароми ҳаққи истифодаи нақлиёт таъмин гардад, аз вакилони Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз шаҳри Душанбе даъват ба миён оварда шуд, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорияшон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монетизатсияро таҳия ва ба мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд.

Инчунин баҳри мукаммалсозии  низоми мавҷудаи идоракунии системаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шаҳр гурўҳи корӣ дар ҳайати мутахассисон ва коршиносони мустақили соҳавӣ таҳти раёсати Олимҷон Бобоев – директори Пажўҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ  таъсис дода шуд, ки дар мўҳлати як моҳ масъаларо мавриди пажўҳиши амиқ қарор дода, дар натиҷа сохтор ва роҳҳои нави беҳбудбахшии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро таҳия ва ба Раиси шаҳр манзур созанд.