«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба идомаи тарҳрезии бунёди комплексҳои меъмории иншоотҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ҳамшафат ва фарогири майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, ки бар асоси он нисбати азнавсозӣ ва дар заминаи иншооти мавҷудаи Почтаи марказӣ, Кохи Ҷомӣ, бинои вазорати кишоварзӣ ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» пешбинӣ намудани бунёди иншооти ҳукуматӣ, ба иттилоъ мерасонад, ки барои интихоби лоиҳаҳои дахлдор бо ин мақсад озмун на аз ҷониби шаҳрдорӣ, балки аз тарафи  Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Дар ин равобит шаҳрвандон нисбати дарёфти иттилоъ оид ба мушаххасоти масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳашон метавонанд унвонии Агентии мазкур муроҷиат намоянд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки новобаста аз натиҷаи озмуни эълонгардида, сохтмони дилхоҳ иншоот дар марзи пойтахт танҳо мутобиқи Нақшаи генралии шаҳр ва тасҳеҳи он бо риояи ҳатмии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар роҳандозӣ карда мешавад.