Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 February 2012

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри дастгирии соҳибҳкорӣ ва фароҳам овардани шароитҳо дар иштироки субъектҳои соҳибкорӣ ба татбиқи барномаҳои сохтмонии шаҳрдорӣ, ки бо ин васила барои нуқтаҳои савдои бунёдшаванда ҳуқуқи соҳибмулкӣ пайдо менамоянд, аз 15 то 25 феврали соли 2012 лоиҳаи сохтмони иншооти гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон дар кўчаи Н. Қарабоев, назди бозори «Саховат»-ро барои сохтмони инфиродӣ ё худ дастаҷамъона ба озмун мегузорад.

Иншоот дорои чунин нишондиҳадаҳои лоиҳавӣ мебошад:

_ масоҳати умумӣ 2266 м 2

- дарозии нақбӣ 60,7 м;

- паҳмӣ 12.80 м;

- баландӣ 3 м;

- миқдори зинапояҳо 10 адад;

- миқдори нуқтаҳои савдо 25 адад;

- нуқтаи нозири минтақавӣ 1 адад;

- нуқтаи хизматрасониҳои муҳандисӣ 2 адад;

Маблағи умумии сохтмони иншоот тибқи харҷномаи лоиҳа 20175,73 ҳазор сомонӣ. Мўҳлати сохтмон 10 моҳ.

Лоиҳакаши иншоот: КВД «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиёт ва коммунтикатсияи ҶТ.

Фармоишгар: Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе».

Довталабон метавонанд дархостномаҳоро то 25 феврали соли 2012 барои иштирок дар сохтмон ба суроғаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», кўчаи Н. Қарабоев 24 ё тавассути почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com иросол доранд. Телефон барои маълумот: 221-14-45, 221-11-35.