Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 January 2012

Бо мақсади таъмини маблағгузории асосӣ дар бунёди иншооти соҳаҳои манзилию истиқоматӣ ва коммуналӣ, маорифу фарҳанг ва тандурустӣ,  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳо ва дигар объектҳои муҳимми шаҳрӣ дар мӯҳлатҳои муайяншуда, бо дарназардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оиди иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва моддаҳои 18 ва 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»:

 1.Нишондодҳои маблағгузории сохтмони асосӣ ва номгӯи иншооте, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012 ба воситаи фармоишгарон - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ва Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бунёд мегарданд, тасдиқ карда шавад.

 2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории иншоотро дар асоси ҳуҷҷатҳои тендерӣ бо назардошти  пешпардохт дар ҳаҷми то 40 (чил) фоиз аз нақшаи семоҳаи корҳои сохтмону васлгарӣ ҷиҳати дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ва додани супориш барои тайёр намудани конструксияҳои сохтмонӣ таъмин намояд.

3.Амри мазкур барои маълумот ба шӯъбаҳои молия, ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсия, сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

4.Назорати иҷрои Амри мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе Таваров Р.Ҳ., Оев А.М. ва Сафаров С. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 


Замима ба Амри Раиси шаҳри Душанбе №174 аз 31 декабри соли  2011

 Нишондодҳои

маблағгузории сохтмони асосӣ ва номгӯи иншоотҳои дар соли 2012  бунёдшаванда