Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 March 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №114 аз 02.03.2012

 Дар бораи ҷудо намудани маблағ

 Бо назардошти саҳми арзандаю ширкати фаъолона ва беназири занон дар рўшди иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонии шаҳри Душанбе, бахусус занони кўчарўб дар рузҳои сардтарини фасли сармои тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ҳамзамон татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муносибати истиқболи сазовори ҷашнҳои «Рўзи модар» ва «Наврўз» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д) аз ҳисоби маблаѓҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе  маблаѓи 1 192 000 (як миллиону яксаду наваду ду ҳазор) сомонӣ ҷиҳати расонидани кўмакпулии яквақтаина, аз ҷумла, ба занон - кўчарўбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе тавассути буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе маблаѓи 1142 500 (як миллиону яксаду чилу ду ҳазору панҷсад) сомонӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолзанон, занон-кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблаѓи 49500 (чилу нўҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ мутобиқи замима  ҷудо намояд.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Хайруллоев Н., Таваров Р.Ҳ., Сафаров С., Оев А.М.) мутаносибан дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ., Сино ва Фирдавсии шаҳр  дастрас гардонидани маблаѓҳои ҷудогардидаро тариқи суроѓавӣ ба шахсони тибқи рўйхат муқарраргардида дар фазои тантанавӣ таъмин созанд.

3. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблаѓҳои ҷудошударо мувофиқи тартиби муайянгардида ба роҳ монад.

4. Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

   

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ    

 

 

 Ҳисобнома

оид ба  расонидани кўмаки моддии яквақтаина ба муносибати  таҷлили  ҷашнҳои "Рўзи модар" ва "Наврўз"  ба занон-кўчарўбони Раёсати истифодабарии роҳҳо,  занон-кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, занони собиҳадори меҳнат ва фаъолзаноне, ки дар рушду нумуи  пойтахт саҳми арзанда доранд.

 

 

Номгўй

Ҳамагӣ нафар (одам)

Кўмаки моддӣ барои  як нафар                (бо сомонӣ)

Занони собиқадори меҳнат

19

500

Занон- кўчарўбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур

292

500

Занон-кўчарўбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ

478

500

Занон-кўчарўбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ

491

500

Занон-кўчарўбони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино

1024

500

Фаъолзаноне, ки дар рушду нумуи  пойтахт саҳми арзанда доранд.

20

500

Занон- кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

60

500

Ҳамагӣ

2384