Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 March 2012

13 марти соли 2012 дар толори Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки  2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии шаҳр, ки иборат аз тамоми раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои истиқоматии ҳудуди марзиву маъмурии шаҳр буданд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамкориҳо ва саҳмгузориҳои аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар ободониву тозакориҳои маҳалли зист изҳори сипос намуда, дар сӯҳбати хосаву ошкоро кулли ҳузорро бори дигар бо  мушаххасоти барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 тасдиқ гардида, баҳри омодагиҳо бахшида ба таҷлили 90-солагии мақоми пойтахт гирифтани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе «30 моҳи ободонӣ» эълон карда шудааст, шинос намуд.

         Аҳли толор бо ҳамовозӣ аз ин ибтикорот, дар навбати худ ҷавобан ба даъватҳои шаҳрдор изҳор намуданд, ки бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои мазкур онҳо ба истиқболи ин санаи фархунда хонаву бино, шаҳраку маҳаллаи аз ҳама нигоҳ намунавиро бо ташаббускории бемислу зиндагии қонунсолорӣ эҳдо хоҳанд кард. Зимнан М. Убайдуллоев ба масъулин дастур фармуд, ки барои ташкили рақобатпазирии корҳои омодагӣ миёни ин институтҳои шаҳрвандии шаҳр бо муқаррар намудани мукофотҳо озмун эълон карда шавад.

Ин чунин дар ҷаласа масълаи таъмири бар асари сардиҳои зимистон харобгардидаи роҳҳои ҳудуди шаҳрро тибқи барномаи шаҳрдорӣ бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ таъкид сохта, афзуд, ки вусъатбахшии корҳо бо инобати мусоидии боду ҳаво дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр  шурӯъ гардидаст, ки рафти корҳои мутазаккира зери назорати шахсии Раиси шаҳр сурат мегиранд.

Зикр гашт, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби мабалғҳои буҷети шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаҳои алоҳида беш аз 220 млн маблағҳо сафарбар гардида, бо ҷалби маблағҳои саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар шаҳр” эълон шудани солҳои 2012 – 2015   ҳамчун шарики иҷтимоӣ ҳиссагузорӣ менамоянд, рӯзҳои наздик ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ 92,7 км роҳҳо ё худ дар таносуби  ноҳияҳои шаҳр: Сино-37.6 км (6 млн. сомонӣ), Шоҳмансур-23,2 км (2,2 млн. сомонӣ), Фирдавсӣ-16,3 км (3,5 млн. сомонӣ) ва И. Сомонӣ- 15,6 км (3,3 млн. сомонӣ) таъмири ҷорӣ карда мешаванд.

         Бояд тазаккур дод, ки ин миқдор таъмири ҷории роҳҳо ҳамаи роҳҳои харобгардидаи ноҳияҳоро фаро намегирад ва масоҳати боқимондаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳияҳо  таъмир карда мешаванд.