Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 April 2012

ҚАРОРИРАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №138 аз 30.03.2012

 

Дар бораи баргузории аксияи «Дастгирии беморони аутизм» дар шаҳри Душанбе

 

          Муроҷиати Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» №40-97/2 аз 20 феврали соли 2012 дар хусуси ташкил намудани аксияи «Дастгирии беморони аутизм»-ро баррасӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии шаҳри Душанбе оид ба бемории мазкур ва дар ин замина тарғибу ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

          1.Барои ташкил ва баргузории аксияи умумишаҳрии «Дастгирии беморони аутизм» ба Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» мутобиқи хатсайри замимагардида 3 апрели соли 2012 аз соати 10-00 то 12-00  иҷозат дода шавад.

          2.Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар рўзи баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

          3.Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., Раёсати  тандурустии  шаҳри Душанбе (Темуров А.А.) ва раиси ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ. барои дар сатҳи зарурӣ ва мақсаднок гузаронидани чорабинии мазкур мусоидат намуда, риояи вақти баргузории дар банди 1-и Қарори мазкур дарҷгардидаро таъмин намоянд.

          4.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

     5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри  Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ