Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 April 2012

 

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарѓиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта бо шаҳри Душанбе ва бо инобати  Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №94 аз 23 феврали  соли 2012 «Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони III байналмилалии Душанбе ва Чемпионати Осиё аз рӯи намуди варзиши таэквондо ИТФ дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт»  мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.     Ҳайати Кумитаи тадорукот, Нақшаи чорабиниҳо, тартиб ва сметаи хароҷотии баргузории Ниммарафони III байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1,2,3, ва 4 тасдиқ карда шаванд.

2.     Кумитаи тадорукот 21 апрели соли 2012 соати 1000 мусобиқаи Ниммарафони III байналмилалии Душанберо мутобиқ ба хатти дави муайянгардида доир намояд.

3.     Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 

4.     Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти  шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тавассути эълони қаблӣ  манъ намудани ҳаракати нақлиёт дар замон ва самти муайянгардида, таъмини хизматрасонии тиббии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқа чораҳо андешанд.

5.     Раёсати сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

6.     Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои  ахбори оммаи дохилию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад.

7.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Ҳайати

Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Ниммарафони III  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

Нақшаи

чорабинии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри баргузории Ниммарафони III  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

 

Тартиби

баргузории Ниммарафони III байналмилалии Душанбе  ба муносибати Рӯзи пойтахт