Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2012

21 апрели соли 2012 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштирок дар фазои индона, соати 10-00, дар  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо суханронию табрикоти хеш, варзишгарон-иштирокчиёни сеюмин Ниммарафони байналмилалии Душанберо, ки  дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат, Президенти  кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавияти варзиш ва ҷалби доираи васеи мардум ба тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ таври анъанавӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ амалӣ мегардад, кулли меҳмонону иштирокдоронро самимона шодбош намуда, ба сабқати варзишгарон ифтитоҳ бахшид.

         Дар мусобиқоти мазкур дар маҷмӯъ аз 13 мамолики ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белоруссия, Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистон, Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Эрон, Чумҳурии Халкии Хитой, корпусҳои дипломатӣ чун муаррификунандаи кишварҳои ИМА, Фаронса, Англия, Олмон 32 нафар марафончиёни хориҷӣ ва беш аз 300 нафар марафончиёни ватанӣ ширкат варзиданд.

Сипас, тибқи нақша соати 15-00 дар толори мӯҳташами КВД «Маркази равобити пойтахт» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев расми ҷамъбасти тамоми озмунҳои касбии шаҳрдорӣ баргузор гардид.

 Қабл аз ҳама М. Убайдуллоев аз дастовардҳои ба маърази тамошо гузоштаи мактабиёни пойтахт дидан намуда, бо қаноатмандӣ ҳар кадоми онҳоро ба азхудкунии дониш, пеш аз ҳама илмҳои дақиқ ҳидоят намуда, дастгирияшро дар ин самт баҳри фароҳам овардани шароитҳо ҷиҳати инкишофи зеҳнияшон чун ҳамеша иброз дошт.

Сароғоз  дар ҳузури фаъолони пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳр ба ғолибони сеюмин Ниммарафони байналмилалии Душанбе мутаносибан миёни мардону занон ҷойҳои аввал - Петров Андрей  варзишгар аз Ҷумҳурии ӯзбекистон (1 соату 4 дақиқаву 27 сония) ва Ханипова Камила     варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 17 дақиқаву 15 сония) ба ҳар кадоме 3500$,  ҷойҳои дуюм- Артём Екимов  варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 5 дақиқаву 33 сония) ва Ҳамидова Ситора    варзигар аз Ҷумҳурии ӯзбекистон   (1 соату 17 дақиқаву 49 сония) ба ҳар кадоме 3000$, ҷойҳои сеюм- Соколов Алексей   варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 6 дақиқаву 42 сония)  ва Данилова Евгения      варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 18 дақиқаву 14 сония) ба ҳар кадоме 2500$, ҷойҳои чорум- Мамашаев Тахир  варзишгар аз Ҷумҳурии Қазоқистон (1 соату 7 дақиқаву 23 сония)  ва Козубовская Ирина  варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 18 дақиқаву 18 сония) ба ҳар кадоме  2000$, ҷойҳои панҷум- Шабунин Вичеслав варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 8 дақиқаву 48 сония) ва Коробицкая Марина  варзишгар аз Ҷумҳурии Қирғизистон  (1 соату 18 дақиқаву 54 сония)  ба ҳар кадоме 1800$ ва ҷойҳои шашум - Багрев Денис   варзишгар аз Федератсияи Россия (1 соату 8 дақиқаву 50 сония) ва Тунгускова Екатерина   варзишгар аз Ҷумҳурии ӯзбекистон (1 соату 19 дақиқаву 53 сония) ба ҳар кадоме 1500$ дар расми тантанавӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон барои саҳми назаррас дар таблиғи варзиш гузоштан ва иштироки ҳамасола фаъол дар Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе дар синни 81- солагӣ масофаи 21.97.5 км-ро тай намудан, ҳамчун беҳтарин варзишгари сол сокини шаҳри Душанбе Мирзоев Зайдулло аз ҷониби шаҳрдорӣ бо як квартираи як ҳуҷрагӣ сарфароз гардонида шуд

Зимни ҷамъбасти озмунҳои касбии шаҳрдорӣ дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе чунин муайян ва аз ҷониби Раиси шаҳр дар расми тантанавӣ қадргардонӣ шуданд:

     - «Мактаби сол -2011»-. коллективи меҳнатии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 13-и ноҳияи И.Сомонӣ. Мукофот: хонаи сеҳуҷрагии №50, воқеъ дар кӯчаи Федина, №11/10.

- «Директори сол -2011»- директори гимгназияи №9-и ноҳияи И.Сомонӣ Гулрӯ Сатторова. Мукофот: 3000 сомонӣ.

- «Муаллими сол -2011»- муаллими фанни забони русии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 78-и ноҳияи Фиравсӣ Рябсев Василий. Мукофот: 2000 сомонӣ.

- «Кӯдакистони сол -2011»- кӯдакистони № 157-и ноҳияи Сино. Мукофот: 3000 сомонӣ.

- «Мудири кудакистони сол -2011»- мудири кӯдакистони № 44-и ноҳияи Шоҳмансур Зебо Усмонова. Мукофот: 2000 сомонӣ.

- «Мураббии сол -2011»- мураббияи кӯдакистони № 117-и ноҳияи Фирдавсӣ Омахон Аъзамова. Мукофот: 1500 сомонӣ.

- «Синфи беҳтарини сол-2011»- коллективи синфи 10-«Ғ»-и лтсейи №55, ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: Парчами сайёри Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ба роҳбари синф- Нигина Ҳафизова.идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 200 сомонӣ барои 10 моҳ, ба сардори синф Каримова Шаҳноза 60 сомонӣ ва хонандагони синф ба ҳар кадоме 50 барои 9 моҳ .

-  «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт»- махаллаи «Зебуниссо»-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: диплом ва ҷоизаи рамзӣ ва сохтмони «Маркази ҷамъиятӣ» барои 150 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр.

- «Беҳтарин кооперативи соҳибмулкони манзил» - «Кооперативи соҳибмулкони манзили ба номи Зоҳир Аҳрорӣ»-и ноҳияи Шоҳмансур. Мукофот: диплом ва тибқи нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал насб намудани конструксияи замонавӣ барои бозиву истироҳати кӯдакон.

- «Беҳтарин манзили пойтахт»- бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Хатлон, хонаи 44 ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот:  диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу курсӣ

- «Ҳавлирӯби беҳтарини пойтахт» - шаҳрванд Одинаева Салима корманди Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ. Мукофот: диплом, як адад телевизор ва роҳхат ба осоишгоҳи «Хоҷа оби гарм».

- «Беҳтарин муассисаи фарҳангии пойтахт»- Мактаби бачагонаи санъати ба номи Муҳиддин Аминзодаи Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу  курсӣ.

- «Беҳтарин муассисаи тандурустии пойтахт»- Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ. Мукофот: диплом ва як маҷмӯъ компютер бо мизу  курсӣ.

- «Муассисаи мусофиркашонии беҳтарини сол -2011» - корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2». Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе, Ҷоми фахрӣ ва 3000 сомонӣ.

- «Ронандаи беҳтарини сол -2011» - ронандаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Аква транс» Маҳмадов Ҷумахон. Мукофот: Ифтихорномаи шаҳри Душанбе,Ҷоми фахрӣ ва 1500 сомонӣ.

         Ҳамзамон коллективи меҳнатии кӯдакистони № 53-и  ноҳияи Фирдавсӣ барои ишғоли  ҷойи дуюм дар озмуни “Кӯдакистони сол-2011”ба маблағи 1500 сомонӣ, коллективи меҳнатии  кӯдакистони №36-и ноҳияи  Шоҳамнсур барои ишғоли  ҷойи сеюм дар озмуни «Кӯдакистони сол-2011»  ба маблағи 1000  сомонӣ қадр карда шуданд. 

          Барои фаъолияти пурмаҳсул дар таълиму тарбияи насли наврас, саҳми арзанда дар пешравии соҳаи маорифи пойтахт,  иштирокчиёни озмунҳои «Мактаби сол-2011», «Кӯдакистони сол-2011» «Директори сол-2010», «Муаллими сол-2011», «Мудири кӯдакистони сол-2011» ва «Мураббии сол-2011»  Исрофилов Анвар - директори мактаби № 77  ноҳияи   Фирдавсӣ, Сафаров Қарчибек   -директори мактаби № 65 ноҳияи Шоҳмансур, Саидова Гулсара-мудири кӯдакистони №136 ноҳияи Сино, Сайвалиева Ҳабиба-мудири  кӯдакистонӣ №52 ноҳияи Фирдавсӣ, Коробкина Вероника - муаллимаи  забони англисии   мактаби  №1 ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Асоева Сурайё - муаллимаи синфҳои ибтидоии  мактаби №90  ноҳияи Сино, Ҳакимова Ҷамила -муаллимаи   забони давлатии  мактаби №20 ноҳияи Шоҳмансур,Ҷӯраева Мавҷуда -мураббияи кӯдакистони №67 ноҳияи Шоҳмансур ва Зиётова Моҳтовбӣ- мураббияи кӯдакистони №96 ноҳияи Сино ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ мукофотонида шуданд.

         23 нафар хатмкунандагон-барандагони медалҳои тилло ва нуқра мутаносибан ҳар кадоме ба маблағи  300 ва  200 сомонӣ қадргардонӣ гаштанд.

           Ҳамзамон ба 21 нафар донишҷӯёни аълохони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  ва ба 107 нафар омӯзгорони мактабҳои шаҳр барои даҳ моҳ ба маблағи 120 сомонӣ ва ба 109 нафар хонандагони мактабҳои пойтахт барои даҳ моҳ 50 сомонӣ  идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе муқаррар карда шуд.

Инчунин ғолибони озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» аз рӯи 17  номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тӯҳфаҳои хотиравӣ - нишони фахрии озмун қадр карда шуданд:

-аз рӯи номинатсияи «Истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ» директори Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати шири Душанбе» Комилов Наврӯз.

-аз рӯи номинатсияи «Меъморӣ ва дизайн»; директори Корхонаи дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон сармоя 2000» Холиқова Тамара.

-аз рӯи номинатсияи «Савдо» директори директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпром нефт Тоҷикистон » Мирзоев Фарҳод.

-аз рӯи номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»  директори ҶДММ «Тоҷикинтурсервис» Қобилов Зафар.

-аз рӯи номинатсияи «Хизматрасонии тиббӣ» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарма» Ҳоҷиев Абдушафеъ.

-аз рӯи номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат»; директори Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксемент» Зувайдов Маҳмадсаид.

-аз рӯи номинатсияи «Истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои Шумо» Ҷаборов Фаридун.

-аз рӯи номинатсияи «Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию-коммуналӣ ва экология»; директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фавз» Ҷобиров Абдулазиз.

-аз рӯи номинатсияи «Сохтмон тармим ва таъмир»; директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон таъминот » Хидиров Саидраҳмон. 

-аз рӯи номинатсияи «Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» Муҳаббатов Муфарраҳ.

-аз рӯи номинатсияи «Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ» - директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Ёқут - 2000» Қодиров Абдуҳалим.

         -аз рӯи номинатсияи «Хӯроки умумӣ» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идораи корхонаҷоти Ғизо Ф1 ФУД» Шамсиев Парвиз.

-аз рӯи номинатсияи «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ» директори Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон» Ҳомидов Мансур.

         -аз рӯи номинатсияи «Хизмати маишӣ» директори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Меҳмонхонаи Тоҷикистон» Раҳимов Муҳаббат.

-аз рӯи номинатсияи «Фаъолияти нашриётӣ, хизматрасонии полиграфӣ, дизайн ва реклама» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Форекс» Зикиряев Азамат.

-аз рӯи номинатсияи «Истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва конструксияҳо» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алкон – Душанбе»  Саидов Саидюсуф.

-аз рӯи номинатсияи «Технологияҳои ахборотӣ» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён-медиа» Ҷониев Рустам.

«Пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2011» директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Газпром нефт Тоҷикистон» Мирзоев Фарҳод  пазируфта шуда, бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии ғолиб сарфароз гардид. 

Зимнан «Беҳтарин меҳмонхонаи пойтахт дар соли 2011» - меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ», «Беҳтарин тарабхонаи пойтахт дар соли 2011»- тарабхонаи «Канд» ва «Беҳтарин ошхонаи пойтахт дар соли 2011» -ошхонаи «Тайга» муаррифӣ шуда, роҳбарони онҳо бо «Ифтихорномаи шаҳри Душанбе» ва ҷоизаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мукофотонида шуданд.

 Барои ишғоли ҷойи дуюм дар озмуни «Беҳтарин меҳмонхонаи пойтахт дар соли 2011» - меҳмонхонаи «Тоҷикистон», «Беҳтарин тарабхонаи  пойтахт дар соли 2011» - тарабхонаи «Ал-Шамъ»  ва «Беҳтарин ошхонаи пойтахт дар соли 2011» -  ошхонаи «Озода»  бо дипломи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қадр гардиданд.

          Ғолиби озмунҳои «Беҳтарин мактаби варзишии шаҳри Душанбе» - мактаби варзишии махсуси кӯдакону наврасони  захираҳои олимпии №2 оид ба тэквондо дар ҳаҷми 3500 сомонӣ, «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» - мураббии мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии № 9 оид ба бокс Шамсиев Мирзо  дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» толори варзишии Муассисаи давлатии Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2500 сомонӣ ва «Беҳтарин соҳибкори ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» - Наврӯз Усмонов роҳбари клуби «Шоҳона» дар ҳаҷми 2000 сомонӣ мукофотонида шуданд. 

Инчунин раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳои зерин, Рӯзиева Хосият   - раиси маҳаллаи «Саноат»,  Авазов Сафар  раиси маҳаллаи «Мирзобек», Бобоназарова Сайрамо  - раиси маҳаллаи «Гастелло»- и ноҳияи Шоҳмансур, Табарова Мавҷуда- раиси маҳаллаи «Телман», Сироҷова Манзура- раиси маҳаллаи «Кӯҳдоман», Каримова Амина- раиси маҳаллаи «Маҳмадулло Холов»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Аслонов Ҳалимхон – раиси маҳаллаи «Равшангарон», Асоева Зебо – раиси маҳаллаи «Маърифат», Раҳматуллоев Шералӣ – раиси маҳаллаи «Алачабофон»-и ноҳияи Фирдавсӣ, Саидов Искандар - раиси маҳаллаи «Роҳи нав», Шаймуродова Заррина - раиси маҳаллаи «Яккачинор», Илвонова Қурбонгул - раиси маҳаллаи «Ҳаёти нав», Ваҳобова Зайнура - раиси маҳаллаи «53» ва Қосимова Мавҷуда- раиси маҳаллаи «Испечак-2»-и ноҳияи Сино барои саҳми арзандаашон дар ҳаёти маҳалладорӣ ҳар кадоме дар ҳаҷми 500 қадрдонӣ шуданд.