Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 April 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №202 аз 18.04.2012

 Дар бораи   баргузории Чемпионати Осиё аз рӯи  намуди варзиши таэквондо ИТФ* дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт

 Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ ва дӯстӣ  байни варзишгарон ва бо инобати Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе  №94 аз 23 феврали  соли 2012 «Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони байналмилалии III- юми Душанбе ва Чемпионати Осиё аз рӯи намуди варзиши таэквондо ИТФ дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт» ва № 180 аз 12 апрели соли 2012 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №94 аз 23 феврали  соли 2012  «Дар бораи омодагӣ ба баргузории Ниммарафони  III - юми байналмилалии Душанбе ва Чемпионати Осиё аз рӯи намуди варзиши таэквондо ИТФ дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт»   мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19, 20 ва 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.    Ҳайати Кумитаи тадорукот, Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва сметаи хароҷоти баргузории Чемпионати Осиё аз рӯи намуди таэквондо ИТФ дар доираи чорабиниҳои ҷамъбастӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2.    Кумитаи тадорукот дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ  26 - 29 апрели соли равон Чемпионати Осиё аз рӯи намуди таэквондо ИТФ-ро дар сатҳи баланди ташкилию оммавӣ доир намояд.

3.          Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.) ва Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.) дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангии ташрифи меҳмонон- варзишгарону намояндагон, пешвозу гусел, ташкили барномаҳои шиносоиву сайёҳатии онҳо, ташкили расмиёти қабл аз оғози чорабинӣ ва дигар масъалаҳои омодагӣ ба Чемпионат дар шаҳри Душанберо ба инобат гиранд.

4.    Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти  шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, хизматрасонии тиббии «Ёрии таъҷилӣ», насби навиштаҷоту овезаҳои тарғиботӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқа чораҳо андешанд.

5.     Раёсати сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби сарпарастон барои саҳм гузоштан дар баргузории мусобиқаи зикргардида ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

6.    Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.      Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои инъикоси Қарори мазкур ва тарғиби чорабиниҳо тавассути воситаҳои  ахбори оммаи дохилию хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешад.

8.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

 

       М. УБАЙДУЛЛОЕВ



* ИТФ (International  Taekwon-do Federation)

Ҳайати

Кумитаи тадорукот оид ба  баргузории Чемпионати Осиё аз рӯи  намуди варзиши таэквондо ИТФ ба муносибати

Рӯзи пойтахт

 

1.      

Алиаҳмадова Н.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ - раиси Кумитаи  тадорукот

2.      

Яҳёев М.

- раиси Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон -  ҷонишини  раиси Кумитаи  тадорукот

3.      

Раҳимова С. Ҳ    

- муовини Раиси шаҳри Душанбе – ҷонишини  раиси Кумитаи  тадорукот

4.      

Қурбонов Д.М.

- сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози Кумитаи тадорукоти мусобиқа;

 

Аъзо:

 

5.      

Холиқов А.

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №4

6.      

Исоков М          

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 23

7.      

Асозода М.

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии № 49

8.      

Шоев Н.Н.

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №59

9.      

Камолов Р.Ш.

-мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе,  котиби Кумитаи тадорукот