«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 April 2012

Шоми 23 апрели соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили пешгирӣ аз оқибатҳои боришоти сели мавсимӣ дар минтақаҳои хавфноки аҳолинишини шаҳр ва беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳои марзгузари пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони маҳаллаҳо ва сардорони оилаҳои манзили истикоматияшон осебпазир баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ҳамзамон роҳбарони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи боздидҳои анҷомдодаи худ аз ҳудудҳои хавфнок ва осебпазири шаҳр, ба хусус қисмати ҳудуди шаҳрии маҳаллаи Лучоб фаъолияти анҷомдодаи сохторҳо ва соҳибмулконро ғайриқаноатбахш шуморида, барои ислоҳи вазъ бо сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ дастуру супоришоти мушаххас дод.

Дар робита ба ин фаъолияти анҷомдодаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Кенҷаевро нокифоя шуморида, барои тақвияти фаъолияташ то нимсолаи аввали соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд.

Ҳамзамон баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои хавфноки ба офатҳои селойӣ, обхезӣ, тарқиши замин ва фаромадани ярч  гирифторшавияшон аз эҳтимол дур нест сукунат доранд, зикр намуд, ки дар мӯҳлати ду соли пешоянд оилаҳои мутазаккира ба ҷойҳои барои зист бехатар кӯӯчонида мешаванд.

Инчунин зимни мулоқот бо сокинон баҳри баровардани эҳтиёҷоти онҳо оид ба баррасии муроҷиатҳояшон ба раисони ноҳияҳо дастур фармуд, ки қабули шаҳрвандонро таври доимӣ як ҳафта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо ва ҳафтаи дигар маҳаллаҳо ташкил намоянд.

Дар ҷаласа бо дахли масоили тақвияти корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, аз фаъолияти пудратчиёни иҷрои корҳо интиқод намуда, ба мавсуф муқаррар намуд, ки бо зиёд намудани техникаву таҷҳизоти таъмирӣ ва кормандон то 6  майи соли 2012  нақшаҳои пешбинигардидаро комилан татбиқ намоянд ва рӯзҳои 7-8 май комиссияи давлатии қабул бо ҷалби сохторҳои ҷамъиятии шаҳр фаъолияташро анҷом диҳад.