Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 April 2012

Сокинони арҷманди пойтахт !

Тавре ҳамагон бархурдоранд, новобаста аз он, ки зимистони гузашта назар ба солҳои қаблӣ хеле сарду тӯлонӣ бо боришоти барфи зиёд омад, дар доираи имкониятҳои худ сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр тавонистанд, ки иҷроиши нақшаву чорабиниҳоро доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 таъмин сохта, бо фаъолияти самарабахши худ, ҷорӣ намудани системаи муташаккили назорати иҷрои кор дар ҷойҳо ва ташкили фаъолияти назарраси мақомоти дахлдор ва ситодҳо ба зимистонгузаронии сокинон ва субъектҳои хоҷагидории шаҳр шароити зарурӣ  фароҳам оваранд.

Қобили зикр мебошад, ки аз 1 феврали соли 2012 аввалин бор дар кишвар дар шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани масъулияти роҳбарон оид ба сатҳ, сифат ва ҳаҷми хизматрасониҳои коммуналию нақлиёти ҷамъиятӣ, бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ, беҳдошти ҳолати санитарӣ, роҳҳову системаҳои ирригатсионӣ, фарҳанги шаҳрнишинии сокинон ва меҳмонони пойтахт баҳри амалисозии ҳадафҳои ташкили ҳукумати электронӣ Барномаи инноватсионии «Мо метавонем!» дар реҷаи мустақим «On-Line» бо шабонарӯзӣ фаъол кардани сомонаи интернетии www.mometavonem.tj  ба роҳ монда шуд, ки он натиҷаҳои пурсамар дода истодааст.  

Дар иҷлосияи имрӯза бо тасдиқи вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 умед мебандем, ки ҳар як шахси воқеӣ ва ҳуқуқии дар марзи шаҳр иқоматдоштаю фаъолияткунанда аз дастгирии ҳамасолаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳандозӣ нанамудани  низоми реҷавии интиқоли барқ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ дар ҳама фасли сол ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда муносибати ибратбахш нишон медиҳанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳбарони   вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон, идора ва сохторҳои ҷумҳуриявӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидорию соҳибкорӣ,  ташкилотҳои буҷетӣ, тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, сокинон ва меҳмонони шаҳр муроҷиат намуда, изҳори боварӣ мекунад, ки дар якҷоягӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода сарфаҷӯии қувваи барқу нерӯи гармиро мақсади асосии худ қарор дода, ба ин васила ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба ҳолати молиявии худ беҳбудӣ оварда, ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» саҳми арзанда мегузорем.

Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон  намуданро зарур мешуморем, ки:

-     дар ҳолати хомӯш кардани ҳатто як лампочкаи тавоноиаш 100 вт дар як шабонарӯз (шабонарӯзи шартӣ~10 соат вақти рӯшноидиҳӣ) то 1 кВт.соат энергияи электрикӣ сарфа карда мешавад ва агар ҳар як муштарии пойтахт, ки шумораи онҳо 180,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, яктоӣ чунин лампочкаҳоро ба мӯҳлати як шабонарӯз хомӯш намояд, он гоҳ дар маҷмӯъ дар як шабонарӯз 180,5 ҳазор кВт.соат, дар як моҳ – 5415 ҳазор кВт.соат ва дар як мавсим (6 моҳ) – 32490 ҳазор кВт.соат энергияи электрикӣ сарфа мешавад. Ин метавонад  дар  як  шабонарӯзи мавсими  тирамоҳу зимистон  324,9 ҳазор м3 ,   дар   як   моҳ   9747 ҳазор м3  ва дар як мавсим 58482 ҳазор м3  обро дар обанбори НОБ-и Норак захира намояд;

-   агар мо исрофи оби ошомиданиро ақаллан 10 фоиз кам намоем, он гоҳ имконият пайдо мешавад, ки дар як моҳ то 1 млн кВт.соат энергияи электрикӣ сарфа намоем;

- бе зарурат оби зиёдро наҷӯшонед. Чойники электрикие, ки дорои индикатори ченкунаки сатҳи об мебошад, метавонад ҳам об ва ҳам энергияи электрикиро сарфа намояд;

- ҳамагӣ як қабати бо пенополиуретан зичкардашудаи тиреза талафоти гармиро 27,6 фоиз паст мекунад;

- як сӯрохие, ки андозааш ба 1 мм баробар аст, метавонад дар масоҳати 1м2  4-6 маротиба зиёд гармиро кам намояд;

- маҳкам кардани ҷойҳои холию сӯрохиҳои дару тиреза, айвонҳо имконият медиҳанд, ки беҳуда рафтани 15 фоизи энергияи гармиро кам намоем;

- телевизори андозаи экранаш миёна – бо диагонали 20-21 дюйм ҳангоми аз шабакаи 220В ҷудо накардани он, яъне ҳангоми дар реҷаи «интизорӣ» будан ва истифода накардани Шумо 75мА ҷараёни электрикиро истеъмол мекунад, ки ба 16,5 Вт баробар мебошад. Аз ин лихоз асбобхои электрикиро дар реҷаи интизорӣ намонед;

- ивази чароғҳои тавоноиашон калон ба чароғҳои ҳозиразамони ксеонии тавоноиашон хурд имконият медихад, ки бе коҳиш додани равшанӣ нерӯи барқро сарфа намоем;

- пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи гази табиӣ боиси мӯътадилии интиқоли он мегардад;

-  истифодаи асбобҳои муосир ва камсарф боиси сарфа намудани нерӯи барқ мегардад.

Бо дарназардошти то фарорасии мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ фаровон будани нерӯи барқ роҳбарони тамоми корхонаҳою субъектҳои соҳибкории истеҳсолии шаҳрро зарур мебошад, ки фаъолиятро дар се баст таъмин сохта, захираи зарурии маводу ашёи хом ва шароити меъёрии меҳнатиро баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир муҳайё созанд.

 ................................................>