Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 May 2012

Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд, гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ ва  дар рӯҳияи матонату далерӣ тарбия намудани шаҳрвандон ба ифтихори таҷлили 67-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси Қарори худ №228 аз 30 апрели соли 2012  1226 нафарро бо кӯмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.

Бо ин мақсад аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 454 300 (чорсаду панҷову чор ҳазору сесад) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.

Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба 168 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945  ба андозаи 500 сомонӣ,  ба 104 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 377 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 5  нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, 112 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 170 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 287 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд ба ҳар кадом ба андозаи 350 сомонӣ   кӯмакпулии яквақта дода мешавад.

Дар ин росто муовини якум ва муовинони  Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр  вазифадор гардидаанд, ки маблағҳои мазкурро ба категорияҳои зикргардида, пеш аз ҳама бо  аёдати шахсӣ  ба  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 то 5 майи соли 2011 дастрас намоянд.

Ҳамзомон тибқи Қарори мазкур нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ нисбати 9 май тасдиқ карда шуд, ки дар ин рӯз соати 9-00 маросими ёдбуд ва гулгузорӣ дар Боғи мемориалии «Ғалаба» ва соати 10-00 дар тамоми шаҳр сайругашти оммавӣ бо баргузории намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ  консертҳо дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии Халқҳо», Кӯли ҷавонон  ва майдони 800-солагии  Москва доир карда мешаванд.