Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 May 2012

Дар бораи абадӣ гардонидани  хотираи Ҳунарпешаи

   халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ,

   вакили мардумии  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ,

   профессор  Ҳанифа Мавлонова

 

      Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова, ки дар рушду такомули санъати мусиқии касбию опера ва тарбияи кадрҳои соҳаи санъати кишвар саҳми арзанда гузоштааст, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд» ва бо дарназардошти протоколи маҷлиси Комиссияи номгузорӣ ва азнавномгузории кӯча, хиёбон, майдон, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе  №1 аз 24 феврали соли 2012, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

      1. Ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи номгузорӣ намудани кӯчаи Пионерскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Ҳунарпешаи халқии  Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, вакили мардумии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, профессор Ҳанифа Мавлонова таклиф пешниҳод карда шавад.

 

    2. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев  гузошта шавад.    

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ