Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2012

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишѓоли

вазифаи  директори Корхонаи воҳиди давлатии

«Хиштистеҳсол»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Барои ишѓоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хиштистеҳсол»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе  аз 23 май то 23 июни соли 2012 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 июни  соли 2012  эълон карда шавад.

        2.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

 

 

    М.УБАЙДУЛЛОЕВ

Эълон

        Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишѓоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хиштистеҳсол»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз 23 май то 23 июни соли 2012  озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 28 июни соли 2012 эълон менамояд.

      Довталабон барои ишѓоли вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хиштистеҳсол»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе  ҳуҷҷатҳои  зеринро:

 

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи     

  4X6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

 

ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. Ба довталабони дар соҳаи хиштистеҳсолкунӣ таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои политехникии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро то соли 1992  хатм  намуда  афзалият дода мешавад.

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 23 июни соли 2012.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефонҳои  221-62-56  муроҷиат  намоянд.