Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2012

Дар бораи  баргузории

аксияи «Ҷашни хушнудӣ» дар шаҳри Душанбе

 

         Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон бо мақсади татбиқи барномаҳои иҷтимоии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва ноболиғон, роҳандозии дастгириҳои моддиву маънавии онҳо ва бо дарназардошти муроҷиати идораи рӯзномаи «Вечёрка», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.    Раёсатҳои маориф (Бобоева Г.И.) ва тандурустии (Темуров А.А.) шаҳри Душанбе  дар ҳамкорӣ бо идораи рӯзномаи «Вечёрка» 31 майи соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», аз соати 1800 то 2100 ба таври ройгон, аксияи «Ҷашни хушнудӣ»-ро барои кӯдакони мактаб-интернатҳо ва гирифтори бемории аутизми шаҳр  бо инобати дар фарҷоми чорабинӣ роҳандозии фейерверк, баргузор намоянд.

2.    Директори Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» Шарипова Г.Х. бо мақсади таъмини истироҳату фароғати осудаи кӯдакони осебпазири иштирокчиёни аксияи мазкур шоми 31 майи соли 2012 аз соати 1800 то 2100 воридшавии дигар шаҳрвандонро дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» муваққатан маҳдуд намуда, баҳри ҳадафнок баргузории он тадбирҳои судманд андешад.

3.    Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А. А.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории  чорабинӣ, Муассисаи давлатии коммуналии  «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А. Б.) нақлиёти хизматрасони кӯдакони мактаб-интернатҳо ва гирифтори бемории аутизми шаҳр - иштирокчиёни аксияи «Ҷашни хушнудӣ» ва Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) роҳбаладии бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти вобастагардидаро таъмин намоянд.

4.    Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5.    Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовинони Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. ва Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                          

                                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ