Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2012

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи Қарори

Раиси шаҳри Душанбе №246-2 аз 8 майи соли 2012

 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

 иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 15-умин солгарди

Рўзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе»

 

Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.       Замимаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №246-2 аз 8 майи соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 15-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе» дар таҳрири нави замимагардида тасдиқ карда шавад.

 2.       Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. замимаи Қарори зикргардидаро ба сохторҳои марбута дастрас намояд.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ