Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 June 2012

 

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғолимансабҳои холии маъмурии хизмати  давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

            Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 2 Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 659  аз  20 майи соли 2009 тасдиқ шудааст

         

                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин дар

а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

 

·        мудири шўъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мудири шўъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мудири шўъбаи ташкилӣ;

·        мудири шўъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ;

·        сармутахассиси шўъбаи саноат ва энергетика;

·        сармутахассиси  шўъбаи ташкилӣ;

·        сармутахассиси шўъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси шўъбаи кадрҳо;

·        сармутахассиси  шўъбаи коммуналию муҳандисӣ;

·        мутахассиси пешбари  шўъбаи рушди  иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

·        мутахассиси пешбари шўъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

·        мутахассиси пешбари  шўъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мутахассиси пешбари  шўъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

·        мутахассиси пешбари шўъбаи сохтмон ва ободонӣ;

·        мутахассиси шўъбаи нақлиёт,  нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

·        мутахассиси шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ;

·        мутахассиси  шўъбаи сохтмон ва ободонӣ;

    

б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

дар шаҳри Душанбе:

 

·        сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

·        муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        мудири шўъбаи кор бо занон ва оила;

·        мудири шўъба оид ба корҳои дин;

·        мудири шўъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        сармутахассиси шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

·        сармутахассиси шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

·        мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        мутахассиси пешбари шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

·        мутахассиси пешбари  шўъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

·        мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

·        мутахассиси шўъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

·        мутахассиси шўъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;                                       

·        мутахассиси шўъба оид ба корҳои дин;

 

        аз  14  июн  то  14  июли  соли 2012 озмун бо ҷамъбасти он на дертар  аз  18 июли  соли 2012 эълон карда шавад.

        2.Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма, электронӣ  ва  шабакаҳои  «Интернет» таъмин намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

                                                                                            М. УБАЙДУЛЛОЕВ 

 ЭЪЛОНИ ОЗМУН