Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 June 2012

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲАРИ ДУШАНБЕ №344 аз15.06.2012

 

Дар бораи муваққатан қатъ гардонидани  интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати пайваст намудани шоҳқубури корезии кӯчонидашудаи қутраш 1200 мм дар кӯчаи Н.Қарабоев

 

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ, вобаста ба пайваст намудани шоҳқубури корезии кӯчонидашудаи қутраш 1200 мм дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев (назди бозори «Саховат»)» мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

         1.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» оид ба пайваст намудани шоҳқубури корезии кӯчонидашудаи қутраш 1200 мм дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев (назди бозори «Саховат»)» аз соати 22:00-и  18 июни соли 2012 то соати 24:00-и 19 июни соли 2012 ҷонибдорӣ карда шавад.

         2.Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии пайваст намудани шоҳқубури корезии қутраш 1200 мм интиқоли оби нӯшокӣ ба шаҳракҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишинӣ зерин:

а) ноҳияи Сино:

-шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15«а», 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 101, 102, 103, 104, 112, Испечак-1 ва 2, Зарафшон-1 ва 2, квартали Муҳандис, кӯчаи Шестопалов;

-маҳаллаҳои Деҳи Боло, Деҳи Поён, Лучоб, Буни Ҳисорак, Навободи боло,   Навободи  поён,   Меҳробод,   Панҷрӯд,  Испечак-1, 2, 3,  Қазоқон-1, 2, Ҳаёти Нав, Мовароуннаҳр, Яккачинор, Роҳи Нав, Чортут, Раҳмон, Набиев, 40-солагии октябр, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камонгарон, Дӯстӣ, Авул-1,2, Шараф.

 

НОҲИЯИ ФИРДАВСӣ

         Шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46, 61, 62,

         Маҳаллаҳои Равшангарон, Яккачинор, Крупская.

        

         3.Аз сокинони шаҳракҳо маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои 32 соат захира намоянд.

         4.Раиси ноҳияи Фирдавсӣ  - Алиев С., раиси ноҳияи Сино      Сафаров З. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

         5.Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авѓонов З.Т.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

         6.Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

         6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

 

                                                                           М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» оид ба пайваст намудани шоҳқубури корезии кӯчонидшудаи қутраш -1200мм дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев (назди бозори «Саховат»)

 

Номгӯи корҳо

 

Мӯҳлати иҷрои корҳо

Иҷрокунандагон

Оғоз

Анҷом

1

Эълон барои огоҳонидани аҳолӣ ба воситаи Радио ва Телевизион оиди ба зарурияти захира намудани оби нӯшокӣ барои як шабонарӯз

Баъди ба тасвиб расидани Қарори дахлдори Раиси шаҳри

Душанбе

Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва КВД «Обу корези Душанбе»

2

Қатъ гардонидани интиқоли оби нӯшокӣ

22:00   18.06.12с.

24:00  18.06.12с.

КВД «Обу корези Душанбе»

3

Қатъ гардонидани воридшавии об ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш d-1200мм

24:00 18.06.12с.

04:00     19.06.12с.

КВД «Обу корези Душанбе»

4

Иҷрои корҳои  пайваст кардани шоҳқубури корезии кӯчонидашуда ба қубури амалкунандаи қутраш d-1200мм бо истифода аз сутуни зудсахтшаванда

04:00

19.06.12с.

20:00     19.06.12с.

ҶСП «Сохтмони махсус»

5

Тавассути автомашинаҳо таъмин намудани аҳолии ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе бо оби нӯшокӣ

6:00

19.06.12с.

22:00   19.06.12с.

КВД «Обу корези Душанбе» ва раисони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе

6

Интиқол ва таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ

20:00   19.06.12

 24:00     19.06.12с.

КВД «Обу корези Душанбе»