«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 June 2012

16 июни соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт.

Дар асоси муроҷиати  қаблии шаҳрвандон, ки аз ҷониби шӯъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо ин мақсад ба қайд гирифташуда, 29 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.

Дар маҷмӯъ мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи  баҳси заминистифодабарӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд.

Зимни қабули шаҳрвандон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи муроҷиаткунандагон ва масъулини шаҳрдориро ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва дар ин радиф фаромӯш накардани иҷрои вазифаву масъулиятҳои шаҳрвандӣ нигаронида, бо дастуру ҳидоятҳо даъват ба миён овард, ки дар низоми бо суботи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаҳои мустақимро бо истифода аз технологияву усулҳои муосири робита бо ҷомеа  баҳри баровардагии ниёзҳои сокинон роҳандозӣ карда,  тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Вобаста  ба  ин нагузоранд, ки ҳуқуқҳои сокинон ҳангоми баррасии муроҷиатҳояшон бо роҳҳои сохтакорона монеаэҷодкунии масъулон поймол гардида, ҳамзамон ба сӯистифодаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ баҳри таъмини волоияти  қонун роҳ дода шавад. Дилхоҳ ҳамкорӣ бо ҷомеа танҳо дар асоси афкори мусоидаткунанда, таҳрифнашаванда ва созандаву масъулиятталабкунандаи тарафайн дар иҷрои вазифаҳои хизматию  шаҳрвандӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар беш аз ҳарвакта тарҳрезиву татбиқ карда шавад.