Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 June 2012

Шоми 19 июни соли 2012  бо дарназардошти омодагиҳо ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкони 160 квартираҳои дар 15 биноҳои истиқоматии душоёнаи дар хиёбони Рӯдакӣ №157,159,161, 163,165,167,169,171, 173, 175,177, 179, 181, 183 ва 185 ҷойгирбуда баргузор гардид.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамовозии сокинон дар татбики Нақшаи генералӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ мувофиқ ба нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат, ки азнавсозии қисмати марказии шаҳр пешбинӣ гардидааст, ташаббуси ҶДММ «Эъмор»-ро бобати дар заминаи биноҳои дуошёнаи мавҷуда бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон бунёд намудани 20 бинои хонаҳои истиқоматии 7-9 ошёнаи замонавии дорои марказҳои савдо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминиро дастгирӣ намуд.

Дар ин зимн муқаррар сохт, ки ба ҳар як соҳибмулк вобаста ба хоҳишашон квартираҳои баробарарзиши замонавӣ дар биноҳои истиқоматии бунёдшаванда таъмин карда шуда, дар сурати талаб доштани арзиши бозории квартираҳо тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар  ва мувофиқаи тарафҳо аз ҳисоби фармоишгар маблағҳо пардохт карда мешаванд. Инчунин таъкид сохт, ки ҳангоми интихоби квартираҳо бошад аз ҳисоби фаромишгар ба ҳар як соҳибмулк квартираҳои муваққатии иҷоравӣ дар тӯли сохтмон то ба истифодадиҳии биноҳои нави истиқоматӣ бо пардохти маблағи моҳонаи иҷора дастрас карда мешавад.

          Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи ангории таҷдиди минтақаи мазкур аз ҷониби ҶСК «САНИИОСП» таҳия гардида, ҶДММ «Эъмор»  фармоишгар ва сармоягузори татбиқи ин лоиҳа буда, муваззаф шудааст, ки то ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат 20 бинои истиқоматии бисёрошёнаи замонавиро ба истифода медиҳад.