Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 July 2012

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №373 аз 29 июни соли 2012

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи С.Ғанӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то дарвозаи «Боғи Ирам») ва кӯчаи Бохтар (аз назди бинои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» то буриши кӯчаи Шотемур)

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаи С.Ғанӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то дарвозаи «Боғи Ирам») ва кӯчаи Бохтар (аз назди бинои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» то буриши кӯчаи Шотемур), мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.   Дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаи С.Ғанӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то дарвозаи «Боғи Ирам») ва кӯчаи Бохтар (аз назди бинои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» то буриши кӯчаи Шотемур) аз 1 июли соли 2012  то 28 октябри  соли 2012  ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.   Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт ба кӯчаҳои ҳамшафат бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чораҷӯӣ намояд.

3.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

4.   Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори музкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ