Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 July 2012

2 июли соли 2012 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр, ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама дар радифи масоили мубрами хоҷагидории  шаҳр, масъалаи густариши равандҳои инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ ва зимни адои маросимҳои диниву мазҳабӣ халалдор накардани оромиву сукунати барандагони адёни дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар робита ба ин аз ҷониби шаҳрдорӣ муқаррар гардид, ки аз тарафи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ истифодаи ғайримақсадноки баландгӯякҳо ҳангоми баргузории намозҳои фарзӣ ҷилавгирӣ карда шуда,  корбарии дурусту мақсаднок аз дастгоҳҳои тақвияти овоз роҳандозӣ карда шавад. Ҳамзамон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур гашт, ки масаъалаи насбу истифодаи камераҳои мушоҳидавӣ тибқи муқаррароти қарори марбутаи шаҳрдорӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр, дар масҷидҳо баҳри таъмин амнияти намозгузорон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шавад.

Зимни баррасии масоили ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи моҳи шарифи Рамазон масъалаи  истифодаи потенсиали имомхатибон дар роҳи пешниҳоди хизматрасонӣ ва ба инсоф даъват намудани соҳибкорони дар ин соҳа машғулиятдошта ба инобат гирифта шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри истифодабарии нерӯи имомхатибон ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ муқаррар сохт, ки бобати ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар радифи Комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ зарфиятҳои ҳар кадом имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ бо вобаста кардан ба бозорҳои алоҳидаи коммуналию хусусии дар марзи шаҳр фаъолиятдошта истифода карда шаванд.

 Дар ин росто роҳбарони бозорҳои коммуналӣ муваззаф ва  ба директорони бозорҳои хусусӣ тавсия шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои бозорҳо фаровонии маҳсулотро баҳри дастгирии иҷтимоии сокинон дар моҳи шарифи Рамазон таъмин сохта, фурӯши маҳсулотро дар шаҳраку маҳаллаҳо ба роҳ монанд. Дар ин зимн таъкид сохт, ки шаҳрдорӣ омода аст, ки деҳқонон ва соҳибкорони ба интиқоли маҳсулоти ниёзи аввалия машғулбударо аз пардохтҳо вобаста ба ҷамъоварии чинишҳои яквақта дар бозорҳои коммуналии шаҳр  озод сохта, расмияти онҳоро тавассути ба тасвибрасонии Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе таъмин намояд.

Бо дахли масоили беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ  ва пурзӯр намудани барориши саривақтии  партовҳои маишӣ  аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳҳалаҳо ва пеш аз ҳама поксозии шахтаҳои хизматрасони партовии биноҳои баландошёна масъалаи харидории миқдори зарурии техникаҳои коммуналии хурдҳаҷму гуногунтаъинотро матраҳ намуда, баҳри тақвияти корҳои назоратӣ аз рафти  иҷрои корҳои мазкур ва риояи муқаррароти шаҳрдорӣ оид ба барориши ҳамарӯзаи партовҳо дастур фармуд, ки дар радифи сохторҳои муваззафи назорати давлатӣ, комиссияҳои депутатӣ ва воситаҳои ахбори омма, дар ҳар як нуқтаҳои партовҷамъкунию шахтаҳои хизматрасони партовии биноҳои истиқоматии баландошёна потенсиали имомхатибон ҳамчун институти пешбарандаи назорати ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаи риояи реҷаи корӣ баҳри таъмини фароғату осоиши сокинон аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии фарҳангию фароғатӣ дар шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт.  

Бо дарназардошти таҳлилҳои мавҷуда дар ин самт Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҳамоҳангсозии масъала бо фаъолони шаҳр пешниҳод сохт, ки реҷаи фаъолияти субъектҳои марбутаи хизматрасонӣ мавриди таҷдиди назар қарор дода шуда, ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бобати ба Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе ворид намудани тағйироти зайл: ба фаъолияти субъектҳои хизматрасонии фарҳангию фароғатӣ дар шаҳр дар фасли тирамоҳу зимистон то соати 23:00 ва дар фаслҳои баҳору тобистон бе халалдор кардани осоиши сокинон то соати 24:00 ва ба субъектҳои мутазаккира, ки берун аз маҳалли аҳолинишин, мактабу бемористонҳо ҷойгиранд то соати 01:00 иҷозат дода шавад, таклиф ирсол  гардад.

Инчунин баҳри дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳр дастур дод, ки нисбати дастёбии соҳибкорони фаъолияташон асосҳои қонунидошта ба реҷаи корӣ аз ҷониби комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ оид ба реҷаи фаъолиятдиҳии якдафъаинаи бемӯҳлат низоми иҷозатдиҳӣ  аз 3 то 5 рӯз муқаррар карда шавад.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр ҳолат ва сифати корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои шаҳр ба риштаи таҳлил кашида шуда, ба масъулин дастуру супоришоти қатъӣ ироа гардид ва бобати таъмини сифатнокии корҳои сохтмонӣ ва азхудкунии маблағҳо дар иншооти аз ҳисоби буҷети шаҳр бунёдшаванда  масъалагузориҳои ҷиддӣ сурат гирифт.