Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 July 2012

Шоми 16 июли соли 2012  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорону тоҷирони ба истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия дар шахри Душанбе машғулбуда, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

         Дар ҷаласа қабл аз ҳама оиди иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 104-10 аз 12 июли соли 2012 тасдиқ гардидааст ва  тибқи он дар ин моҳи пурбаракат аз 19 июл то 20 августи соли 2012 дар асоси ташаббуси соҳибкорон бо дастгирии шаҳрдорӣ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз он, баҳри ғановати дастурхони сокинон нархи ба фурӯшгузории даҳ намуди маҳсулот: 1 кг гӯшти говмеш 19 сомонӣ, гӯшти гов 29 сомонӣ,  гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ, як халта орди навъи якум (Шамалған) то 110 сомонӣ, 1 л. равғани растанӣ то 8 сомонӣ, 1 кг биринҷи ватанӣ то 7 сомонӣ, 1 кг шакар то 5 сомонӣ, 1 л. шир то 3 сомонӣ, 1 кг картошка то 2 сомонӣ, 1 кг сабзӣ то 2 сомонию 20 дирам, 1 кг пиёз то 1 сомонию 10 дирам ва 1 дона тухм то 60 дирам дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ матраҳ ва ҷонибдорӣ карда шуд.

Зимнан роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» муваззаф карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон барои истеҳсолкунандагоне, ки маҳсулоти зикргардидаро бе миёнаравҳо дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебароранд, шароит ва афзалияти ҳамаҷониба  фароҳам оварда, онҳоро тибқи хулосаи комиссияҳои ҷамъиятии таъсисёфта ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунанда аз пардохти ҳаққи ҳамаи намуди хизматрасониҳо, ки дар бозорҳои шаҳр тибқи муқаррарот муайян гардидааст, бо пуррагӣ озод созанд ва аз роҳбарони бозорҳои хусусии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолияткунанда хоҳиш карда шуд, ки амали мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

Зикр гардид, ки ҷавобан ба ин иқдоми соҳибкорон тибқи Қарори мазкур тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши орд, гӯшт, равғани растанӣ, биринҷу шакар ва тухм берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар бозорҳои коммуналии шаҳр машғул мебошанд ва фурӯшро ба аҳолӣ аз рӯи нархҳои зикргардида ба роҳ мемонанд, аз пардохти ҳаққи ҳамаи намуди хизматрасониҳои бозорҳои коммуналӣ озод карда мешаванд.

         Барои ташкили рақобати солим муқаррар гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон сад дар сад майдонҳои савдои даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналии шаҳр тибқи санади дахлдор аз 19 июли соли 2012 ба ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва соҳибкор Нуров Юсуф барои фурӯши гӯшти говмеш вобаста мегардад ва ба зиммаи маъмурияти бозорҳои коммуналӣ зери масъулияти шахсии директорони бозорҳо бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ҳамарӯза харид, воридот ва фурӯши маҳсулотҳои дар ҳудуди кишвар истеҳсолшаванда, вогузор карда мешавад. 

        Илова бар он Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» вазифадор карда шуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон дар асоси шартнома бевосита бо истеҳсолкунандагон хариди орд, гӯшти чорво, тухм, шир, картошка, сабзавот ва ғайраро ташкил намуда, ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро бевосита дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр  ба роҳ монанд.

Дар ин росто дастур гашт, ки Корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур» ва «Бозори Қарияи боло» аз 17 июл то 20 августи соли ҷорӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон маблағҳои хизматрасонӣ ва аз муомилоти ҳама намуди гардиши молии воридшуда ва Корхонаи воҳиди давлатӣ  «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» маблағҳои қарзии ҷудогардидаро барои хариди маҳсулоти ниёзи аввалия бевосита аз истеҳсолкунандагон масраф намоянд.

      Ҳамзамон муқаррар карда шуд, ки ҳангоми иҷро нагардидани Қарори мазкур аз ҷониби савдогарону соҳибкороне, ки дар бозорҳои мансуб ба моликияти коммуналӣ фаъолият менамоянд, масъалаи минбаъд дар ҳамин бозорҳо фаъолият намуданашон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баррасӣ карда  мешавад. 

 Инчунин муқаррар карда шуд, ки маъмурияти бозорҳои дар шаҳри Душанбе  фаъолияткунанда, новобаста аз шакл  ва тобеияти идоравӣ, баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то 19 июли соли ҷорӣ ҳамаи  тарозуҳоро аз санҷиши  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» гузаронида, барои хизматрасонии  харидорон фаъол созанд.

          Раёсати корҳои  дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.К.),  Раёсати андози шаҳри Душанбе (Назаров Б.М.), Раёсати гумруки шаҳри Душанбе (Муродов А.Р.), Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) вазифадор карда шуданд, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисӯхторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои  истеъмолии шаҳр дар давоми  моҳи шарифи Рамазон пурзӯр намуда, барои набаровардани маҳсулоти истеъмолии дар ҳамин Қарор зикргардида аз шаҳри Душанбе дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои фаврӣ андешанд.

Илова бар он аз сохторҳои дахлдори назоратии давлатӣ хоҳиш карда шуд, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон гузаронидани  ҳама гуна тафтишу  санҷишҳоро дар бозорҳои шаҳри Душанбе  мавқуф гузошта, дар  ҳама  ҳолат  фаъолияти назоратию санҷишии  худро тибқи  талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монанд.

Дар ҷаласа дастур гашт, ки матни комили Муроҷиатномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» тариқи воситаҳои ахбори омма ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ба маълумоти ҷомеа, бахусус истеҳсолкунандагон, соҳибкорон, тоҷирон расонида шуда, аз роҳбарони ВАО, иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ хоҳиш ба амал оварда шуд, ки онро ҳамаҷониба  дастгирӣ намоянд.

        Масъулияти иҷрои ҳамин Қарор дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Деҳқон», «Бозори Саховат», «Бозори Қарияи боло» мутаносибан ба зиммаи  муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М., Раҳимова С.Ҳ., Мансуров Ҷ.М. ва дар бозорҳои хусусӣ ба ӯҳдаи  раисони  ноҳияҳои  шаҳр  И.Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Фирдавсӣ – Алиев С.А. ва Сино – Сафаров З.А.  гузошта шуд.