Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 July 2012

Дар бораи таъмини тадбирҳои Амалии пешгирии болоравии нархи  маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи  Рамазон дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади  дар моҳи шарифи Рамазон ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ ва ба ин васила таъсиррасонии мусбӣ ба нархи маводи озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои  шаҳр, новобаста аз шакли моликияташон, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Ташаббуси тоҷирону соҳибкорон ва роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳри Душанбе тибқи Протоколи замимагардидаи маҷлис бобати дар давоми  моҳи шарифи Рамазон аз 19 июл то 20 августи соли 2012 дар бораи пешгирии болоравии  нархи маҳсулоти аввалия ва ба фурӯш баровардани маводҳои асосии истеъмолӣ бо нархҳои зерин: гӯшти гов 29, гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, картошка то 2, бехпиёз то 1,1, сабзӣ  то 2,2, як донна тухм то 0,6, як литр шир то 3, як килограмм шакар то 5, як килограмм равғани растанӣ то 8 ва як килограмм биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 7 сомонӣ ҳамчун амали хайру эҳсонкорӣ ҷонибдорӣ карда шавад.

         2. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» дар моҳи шарифи Рамазон барои истеҳсолкунандагоне, ки маҳсулоти дар банди 1-и ҳамин Қарор зикргардидаро бевосита (бе миёнаравҳо) дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебароранд, шароит ва афзалияти ҳамаҷониба  фароҳам оварда, онҳоро тибқи хулосаи комиссияҳои ҷамъиятии дар замимаи №1 муайянгардида ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунанда аз пардохти ҳаққи ҳамаи намуди хизматрасониҳо дар бозорҳои шаҳр, ки ба моликияти коммуналӣ мансуб мебошанд ва  тибқи муқаррарот муайян гардидааст, бо пуррагӣ озод намоянд ва аз роҳбарони бозорҳои хусусии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолияткунанда хоҳиш карда шавад, ки амали мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

3. Муқаррар карда шавад, ки тоҷирон ва соҳибкороне, ки ба воридот ва фурӯши орд, гӯшт, равғани растанӣ, биринҷ, шакар ва тухм берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар бозорҳои мансуб ба моликияти коммуналии шаҳр машғул мебошанд ва фурӯшро ба аҳолӣ аз рӯи нархҳои дар банди якуми ҳамин Қарор муайянгардида ба роҳ мемонанд, тибқи муқаррароти дар банди 2-и ҳамин Қарор зикргардида аз пардохтҳо озод карда мешаванд.

         4. Барои ташкили рақобати солим муқаррар карда шавад, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва минбаъд низ сад дар сад майдонҳои савдои даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналии шаҳр тибқи санади дахлдор аз 19 июли соли 2012 ба ихтиёри Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» (Муминов С.) вобаста мегардад ва ба зиммаи маъмурияти бозорҳои коммуналӣ зери масъулияти шахсии директорони бозорҳо (дар ҳолати набудан ё аз вазифа сабукдӯш кардани онҳо, ҷонишинони якуми онҳо) бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ ҳамарӯза харид, воридот ва фурӯши маҳсулотҳои дар ҳудуди кишвар истеҳсолшавандаи дар банди якуми ҳамин Қарор дарҷгардида, вогузор карда мешавад.  

        5. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло» дар моҳи шарифи Рамазон дар асоси шартнома бевосита бо истеҳсолкунандагон хариди орд, гӯшти чорво, тухм, шир, картошка, сабзавот ва ғайраро ташкил намуда, ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро бевосита дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр  ба роҳ монанд.

6. Корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур» ва «Бозори Қарияи боло» аз 17 июл то 20 августи соли ҷорӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон маблағҳои хизматрасонӣ ва аз муомилоти ҳама намуди гардиши молии воридшуда ва Корхонаи воҳиди давлатӣ  «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» маблағҳои қарзии ҷудогардидаро барои хариди маҳсулоти ниёзи аввалия бевосита аз истеҳсолкунандагон масраф намоянд.

      7. Муқаррар карда шавад, ки ҳангоми иҷро нагардидани ҳамин Қарор аз ҷониби савдогарону соҳибкороне, ки дар бозорҳои мансуб ба моликияти коммуналӣ фаъолият менамоянд, масъалаи минбаъд дар ҳамин бозорҳо фаъолият намуданашон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баррасӣ карда  мешавад. 

     8. Маъмурияти бозорҳои дар шаҳри Душанбе  фаъолияткунанда, новобаста аз шакл  ва тобеияти идоравӣ, баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон то 19 июли соли ҷорӣ ҳамаи  тарозуҳоро аз санҷиши  Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» гузаронида, барои хизматрасонии харидорон фаъол созанд.

      9. Раёсати корҳои  дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.К.),  Раёсати андози шаҳри Душанбе (Назаров Б.М.), Раёсати гумруки шаҳри Душанбе (Муродов А.Р.), Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.Т.) таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисӯхторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои  истеъмолии шаҳр дар давоми  моҳи шарифи Рамазон пурзӯр намоянд ва барои аз шаҳри Душанбе набаровардани маҳсулоти истеъмолии дар банди якуми ҳамин Қарор зикргардида дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои фаврӣ андешанд.

         10. Аз сохторҳои дахлдори назоратии давлатӣ хоҳиш карда шавад, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон гузаронидани  ҳама гуна тафтишу  санҷишҳоро дар бозорҳои шаҳри Душанбе  мавқуф гузошта, дар  ҳама  ҳолат  фаъолияти назоратию санҷишии  худро тибқи  талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монанд.

      11. Муроҷиатномаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ҷонибдорӣ ва тариқи воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ба маълумоти ҷомеа, бахусус истеҳсолкунандагон, соҳибкорон, тоҷирон расонида шуда, аз роҳбарони ВАО, иттиҳодияҳои ҷамъиятию сиёсӣ хоҳиш ба амал оварда шавад, ки онро ҳамаҷониба  дастгирӣ намоянд.

        12. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе  ҷараёни  иҷрои  Қарори  мазкурро тавассути  воситаҳои  ахбори омма инъикос намояд.

        13. Масъулияти иҷрои ҳамин Қарор дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Деҳқон», «Бозори Саховат», «Бозори Қарияи боло» мутаносибан ба зиммаи  муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М., Раҳимова С.Ҳ., Мансуров Ҷ.М. ва дар бозорҳои хусусӣ  ба ӯҳдаи  раисони  ноҳияҳои  шаҳр  И.Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., Фирдавсӣ – Алиев С.А. ва Сино – Сафаров З.А.  гузошта шавад.

        14. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад. 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ