Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 Июль 2012

Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 263 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40, 41 ва 43 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 17 ва 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Рўйхати замимагардидаи биноҳои камошёнаи бартарафшаван-да дар хиёбони Рўдакӣ, кўчаҳои Нодира, Говорова, 4, Айнӣ, А.Дониш ва Титов, ки аз ҷониби Саррёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллифи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе-ҶСК «Гипрогор»-и шаҳри Москва дар доираи талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шавад.

2.   Муқаррар карда шавад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкон ва таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқи сохтмони биноҳои бисёрошёна ва баландошёнаи замонавӣ дар заминаи биноҳои камошёнаи бартарафшаванда: 

а) дар навбати аввал ба соҳибмулкони биноҳои истиқоматии камошёнаи бартарафшаванда бо муроҷиати дастаҷамъона;

б) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар асоси шартномаи хариду фурўши тариқи нотариалӣ ба расмият даровардашуда ҳуқуқи соҳибмулкиро ба тамоми квартираҳо, дигар утоқҳо ва иншоотҳои таъиноти гуногундошта пайдо кардаанд;

в) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо тамоми соҳибмулкони бинои истиқоматии камошёнаи бартарафшаванда шартномаи иштироки ҳиссагии тариқи нотариалӣ ба расмият даровардашударо дар    сохтмони    биноҳои   замонавии   баландошёнаи   бунёдшаванда бастаанд ва ба сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе, ҳамчунин ба Корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мустақилона ва ё бо ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ барои ба эхтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаи замини зери биноҳои камошёнаи бартарафшаванда тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда дода мешавад.

3. Ба инобат гирифта шавад, ки:

а) интихоби тарзи ҷуброни моликият, ба намуди пулии андозааш аз ҷониби сохтори ваколатдор бо нархҳои бозорӣ муайянгардида ё молӣ, ҳуқуқи истисноии соҳибмулк мебошад;

б) талаботи соҳибмулкони квартираҳои биноҳои камошёнаи бартарафшаванда вобаста ба муваққатан сокин намудани онхо дар манзилҳои истиқоматӣ ва дар кадом ошёна ҷойгир кардани ин сохибмулкон дар бинои сохташаванда ҳангоми бастани шартномаи тарафайн  ҳаллу фасл мегарданд;

в) масоҳати зери сохтмони биноҳои баландошёнаи сохташавандаро тибқи талаботи меъёрхои меъморию шаҳрсозӣ дар ҳар мавзеи алоҳида Саррёсати меъморӣ ва шахрсозии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозии шахри Душанбе муайян намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати баргузории озмуни кушод оид ба интихоби сармоягузорон ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод менамояд.

4. Ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои шаҳрӣ ҳангоми баррасии муроҷиатхо ҷиҳати сохтмони биноҳои баландошёнаи замонавӣ бо бартарафсозии бинохои камошёна дар хиёбони Рўдакӣ, кўчаҳои Нодира, Говорова, 4, Айнӣ, А.Дониш ва Титов ба ўҳдаи шўъбаи сохтмон ва ободонии дастгохи Раиси шахри Душанбе вогузор карда шавад.

5. Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилиотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе – мутасаддии соҳаи сохтмон гузошта шавад.

                                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ