Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 July 2012

28 июли соли 2012  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили вазъи корҳои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ ва ҳолати таҳқиқу лоиҳакшии идомаи азхудкунии минтақаи Ховарон, пешгирии сохтмонҳои худсаронаву ғайриқонунӣ дар мавзеи мазкур, вазъи санитарию экологии шаҳр, таъминот бо оби нўшокӣ ва ҳолати иҷроиши  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 149 аз 10 июли соли 2012 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе”, ки мақоми санади меъёрии ҳуқуқиро доро гардидааст мавриди баррасии шаҳрдор қарор гирифта, ҷиҳати густардагии фаъолият  ба масъулин дастуру супоришоти қатъӣ ироа карда шуд.