Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 August 2012

Шаҳрдории Душанбе аз ҳамкориҳои аҳли ҷамоатчигӣ нисбати  пешбурди назорати ҷамъиятӣ оид ба татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 419 аз 10 июли соли 2012 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” оид ба ирсоли номаҳо аз мушоҳидаҳои воқеии суратгирифтаашон дар бозорҳо тавассути почтаи электронии  dushanbe80@yahoo.com изҳори сипос намуда,  ҳамзамон ба иттилоъ мерасонад, ки на ҳамаи шикоятҳои воридшуда, мутаассифона  тасдиқи худро меёбанд.

Таври мисол, шаҳрванд Окил Ширинов тариқи почтаи электронии

okils@mail.ru 1 августи соли  2012  унвонии Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев чунин нигоштааст:

 «Салом мӯҳтарам Раис!

Маро  се рӯзи кофтукоби картошка дар бозори Деҳқони Гипрозем водор карда, ки ин мактубро нависам  то дина дар ягон ҷои бозор ба ғайр аз дар як ду ҷо картошкаи тухмӣ бо нархи 2 сомонӣ вай ҳам ба миқдори тамоман набуд. Тамоми контенейрҳои пур аз картошка дарҳошон маҳкам ба иллати арзон будан савдо намекунанд. Нархро 2,50-2,80 гуфта дарошон маҳкам шиштаанд. Мегӯян ду сомонӣ фурӯшем зарар мебинем. Ягон чора бинед марҳамат.»

Аз ҷониби Раиси шаҳр муроҷиати мазкур барои чораандешии фаврӣ унвонии масъулини шаҳрдорӣ ирсол карда шуд, ки бо иштироки муаллиф онро саривақт баррасӣ намоянд.  Аммо муаллифи «ғамхор» бо вуҷуди тариқи почтаи электронияш огоҳонида шудан, аз  сабаби бӯҳтон ва сафсата будани шикояташ ба кори комиссия ҳамроҳ нашуд ва эродҳои овардаи муаллиф дар бозори Деҳқон тасдиқи худро наёфтанд.

Зимнан, шаҳрдорӣ аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳишманд аст, ки дар сурати мушоҳидаи вайронкунии муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони бозорҳо баҳри таҳлил ва чораандешии саривақтӣ нисбати онҳо на дар асоси ҳангомаву шунидаҳо ва бӯҳтоннависӣ, балки бо дақиқ нишон додани бозори хизматрасон ва рӯзу соати қонунвайронкунӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, унвонии Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятии аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва имомхатибони масҷидҳои шаҳр барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо фаъолияткунанда ё худ тавассути почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com муроҷиат намоянд.