Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 August 2012

Симои меъмории шаҳр бо ба истифода додани иншооти гуногунтаъинот ҳамарӯза ҳусни нав касб намуда, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон тахассус дода мешаванд.

Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев бо тасдики санадҳои Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонашон анҷомёфта, барои мавриди истифодабарӣ қарор додани ҳаммоми ҷамъиятӣ барои 50 ҷой бо нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар кӯчаи Муҳаммадиев (арзиши фондҳои асосӣ 3 977 658  сомонӣ, мансуб ба шаҳрвандон Рауфӣ А. ва Ҳусайнов Д.) ва ҳаммоми шахсии азнавсозишуда, воқеъ дар кӯчаи Титов (арзиши фондҳои асосӣ 4 578 000 сомонӣ, мансуб ба шаҳрванд Эмомов С.К.) иҷозат дод.

Ҳамзамон, тибқи Қарори марбутаи Раиси шаҳр бинобар аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо арзиши фондҳои асосӣ ба маблаѓи 1 107 477 сомонӣ ба анҷом расидани сохтмони иншооти «Таъмир ва мустаҳкамкунии бинои бисёрквартирадори истиқоматии      №5, воқеъ дар кӯчаи Адҳамови ноҳияи Шоҳмансур » бинои истиқоматии мазкур барои  истифодабарӣ ба тавозуни Кооперативи моликони манзили «Аҳмади Дониш»-и ноҳияи Шоҳмансур супорида мешавад.

 

АМРИ Раиси шаҳри Душанбе  №89 аз 07.08.2012 «Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии қабули иншооти «Азнавсозии Теҳрон аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то дарвозаи «Қасри миллат»

 Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №487  аз 09.08.2012 «Дар бораи тасдиқи санади Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта»

 Қарори Раиси шаҳри Душанбе  №489 аз 09.08.2012 «Дар бораи тасдиқи комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта»