Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 August 2012

Дар бораи баргузории тендер

 

 Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ омода ва доир намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 21-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти розигии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №398 аз 23 августи соли 2012 оид ба истифода намудани усули харид бо иштироки маҳдуди довталабон мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 12, 13, 14 ва 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва бо дарназардошти протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе № 138 аз 15 августи  соли 2012

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Барои интихоби хизматрасон ҷиҳати баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 21-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тендер бо иштироки маҳдуди довталабони қобилиятнок гузаронида шавад.

2.     Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда барои интихоби хизматрасон ҷиҳати баргузор намудани мушакпарронии (фейерверки) идона бахшида ба таҷлили 21-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро таъмин намояд.

3.     Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе эълон ва бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба комиссияи тендерӣ пешниҳод намояд.

4.     Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) баъди баргузории тендер оиди маблағгузории хизматрасонии мазкур ба Раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.

5.     Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ирсоли даъватнома ба ширкатҳои иҷрокунандаи хизматрасонии мушакпарронӣ тавассути сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе чораҳои амалӣ андешад.

6.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

    М. УБАЙДУЛЛОЕВ