«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 August 2012

Қарори раиси шаҲри Душанбе №500 аз 16.08.2012

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри

Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили 21-солагии

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ  таҷлил намудани ҷашни 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тибқи талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1.    Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба  таҷлили бошукўҳи ҷашни 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

        

2.     Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар мувофиқаю ҳамкорӣ  бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»  (Ҳалимов Р.),  Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ - истеҳсолӣ  оид  ба шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри Душанбе (Шен Т.Н.) ва корхонаҳои рекламавӣ ороиши идонаю бадеии шаҳрро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ,  гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд ва тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рўзҳои ид муҳайё сохта,  иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.

 

3.     Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) дар рўзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нигаҳдошти реквизиту лавозимот, экспозитсияву воситаҳои ороишӣ ва пиротехникӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Зимнан аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар рўзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва Маромномаи сокини пойтахтро қатъиян риоя кунанд.

 

4.     Шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

5.     Назорати  иҷрои  Қарори  мазкур  ба  зиммаи  муовини  якуми  Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

 

                                                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ